Мулоқоти интернетӣ бо актёри машҳури турк (Кендал) Месут Акуста

“Разил, аблаҳ, шайтон, беимон-инҳо номҳое ҳастанд, ки баъди филм насиби ман гаштанд”,- мегӯяд Месут Акуста

Абрӯ ва Кендал-тақдири ин ду қаҳрамони силсилафилми «Гули сиёҳ» хурду калонро дар кишвари мо ором намегузорад. Муборизаҳои шадиди Абрӯ ва Кендал дили тамошобинонро ба ларза овардааст. Бешак дар майнаи хонандагони «Оила» низ саволҳои зиёде чарх мезананд, ки ба зиндагии Абрӯ ва Кендал дахл доранд. Мо бо воситаи интернет “Мулоқоти ғобона”-ро бо  қаҳрамони ин сериали машҳур Месут Акуста ташкил намудем, то муштариёни “Оила” ба саволҳояшон аз худи Кендал ҷавобҳои саҳеҳ бигиранд.

Даричаи ошноӣ:

Номи асосӣ: Месут Акуста ( Кендал Шанвердӣ)

Соли таваллуд: 22-феврали соли 1964

Зодгоҳ: Ҷалолуддини Румии Туркия

Мучал: Ақраб

Пеша: актёр

 -Ҷаноби Месут, Шуморо Кендал гуфта муроҷиат намоям, намеранҷед?

-Ҳар чизе, ки шумо ҷоиз донед, қабул аст!

Мо аз кишвари Тоҷикистон шуморо ташвиш медиҳем. Гап сари он аст, ки силсилафилми “Гули сиёҳ”-и шумо дар ватани мо машҳур гашта, байни мардум шӯру валвала афкандааст, имрӯз ба кадом хонае, ки сар нахалонед, албатта Кендал ва Абрӯро тамошо мекунанд…

-Оҳо, аллакай моро дар Тоҷикистон ҳам мардум мешиносанд гӯед?!

Оре, зиёд шуҳрату маҳбубият доред ва мухлисонатон мехоҳанд асли хислат ва зиндагии шуморо бидонанд.

-Бисёр аҷиб! Бипурсед, ҳарчи ба банда рабт дорад, мегӯям.

Саволҳо аз мо нестанд, хонандагони нашрия ба зиндагии шумо мароқ зоҳир намудаанд, розӣ ҳастед, ки асрори худро ба онҳо кушоед?

-Ба чашм!

Пас шуруъ мекунем аз саволи хоҳари азизи мо Рухшонаи Сайдулло. Рухшонабону мепурсад, ки дар “Гули сиёҳ” нақши марди разилтарин- Кендалро офаридан бароятон мушкил набуд?

Посух:-Мушкил буд. Медонед, истифодабарандагони аксари сомонаҳо маро дашном медиҳанд. Разил, аблаҳ, шайтон, беимон-ин ҳама номҳое ҳастанд, ки пас аз ин филм мардум ба ман ниҳоданд.

Савол:-Образи офаридаатонро тамошо карда, кас хоҳ-нохоҳ нисбати шумо нафрат пайдо мекунад. Аз чунин нақши манфурро бозиданатон пушаймон нестед?

Қодиршоҳи Ҷалолиддин, аз н. Ҳисор

Ҷавоб:- (Механдад) Худам ҳам нисбати Кендал нафрат дорам, вале чи кунам, ман ҳунарманд ҳастам ва  ҳар нақшеро, ки коргардон ба ман лоиқ мебинад, бояд офарам! Аввал рад карда гуфтам, ки мардум пас аз тамошои филм маро санги маломат мезананд, аммо коргардон ду пояшро ба як мӯза андохта “ин нақшро касе аз ту беҳтар бозида наметавонад” гуфту ночор розӣ шудам.

Савол:-Месут мисли Кендал дар ҳаёт чунин бадкирдор ва худписанду якраву зиёнкор аст?

Фотима Абдурасулова, ш. Кӯлоб

Ҷавоб:-Ғамгин мешавам, вақте маро бадкирдор мегӯянд, он чи шумо дар саҳна мебинед, зиндагӣ ва хислати Кендал, қаҳрамони филми “Гули сиёҳ” аст, на аз Месут Акуста.

Савол:-Оиладоред ё мисли дигар мардони машҳур фақат занҳои зеборо ба доматон афтонда, маъшуқабозӣ карда мегардед?

Фарзона, аз ш. Хуҷанд.

Ҷавоб:-Албатта оиладорам. Магар мард бе оила дар зиндагӣ комёб ва хушбахт мешавад?! Намешавад! Шукри худо ман соҳиби оилаи хуб ва фарзандони некном ҳастам. Писари калониам футболбози машҳур аст, тамоми сайёра ӯро мешиносанд, духтарҳоям духтур шуданд, писари хурдиам дар донишгоҳи ба номи Ломоносови шаҳри Москва мехонд. Ману фарзандонам на чун падару фарзанд, балки мисли дӯстони ҷонӣ бо ҳамдигар муносибат мекунем. Аз ҳамдигар сирру асрори ниҳон надорем.

Савол:-Дар “Гули сиёҳ” Кендал бародарашро ба қатл мерасонад, зани бародарашро ба марг маҳкум кардан мехоҳад, ҷойи куштани Адда ва Маяро намеёбад, дӯстдоштаи хоҳараш Маликаро аз байн бурдан мехоҳад, хулоса аз  шайтон бадтар аст. Наход одам то ин дараҷа разил шавад? Чаро кӯшиш накардед, ки ақаллан як хислати неки Кендалро нишон диҳед, охир одами бадтарин ҳам ягон хислати хуб дорад-ку?

Манучеҳр Сафаров, хонандаи мактаби №50

Ҷавоб:- Ҳамаи шумо Кендалро  дар ин филм ҳамчун марди хасис, якрав ва зишт мешиносед, зеро ӯ дар зиндагӣ танҳо як мақсад дорад-ҳама чизро аз худ намудан! Бадхоҳӣ ва бадкирдориҳои Кендал оқибат мисли боми фарсуда ба сари худаш фурӯ мерезад. Кендал танҳо пас аз зиндонӣ шудан аз кирдорҳои разилонааш пушаймон шуда аз Худо марг металабад, аммо аҷал ҳам аз одами бад безор аст. Мақсад аз ин образ танҳо як чиз буд-Худованд ҳеҷ гоҳ одами бадро бе ҷазо намегузорад.

Савол:-Абрӯ зани шаҳрӣ бошад ҳам, аз Кендал заррае ҳарос надорад. Вақти офаридани ин нақш дар дили шумо аз ин зани ҷасур тарс пайдо нашуд?

Гулноза, н. Сино

Посух:-Ман дер боз мехостам ин суолро мухлисонам ба ман диҳанд, вале то ҳанӯз ба ёди касе назада буд. Бале, дар дили ман эҳсоси тарс пайдо шуда буд. Ҳар гоҳ Абрӯ бо чашмони оташбор ба ман нигариста дар бораи марги шавҳараш Мурод мепурсид, нигоҳамро аз ӯ мегурезондам, зеро дар ин лаҳзаҳо худро ноҳинҷор эҳсос мекардам. Ба назарам чунин мерасид, ки ман воқеан қотил ҳастам ва дастонам пур аз хуни одамӣ буда, ба зудӣ тамоми сирру асрорам фош мешавад.

Савол: Мегӯянд дар қисмҳои баъдина Кендал барои фош нагаштани асрори писари Абрӯ Насринро алов мемонад, то Абрӯро аз байн барад. Оё дар ҳақиқат Насрин Абрӯро мекушад?

Фотима, хонандаи “Оила”, аз ш. Кӯлоб.

Ҷавоб:-Вақте Абрӯ мефаҳмад, ки Борон писараш аст, ба назди Насрин меояд, то бифаҳмад, ки дар ҳақиқат шунидааш рост аст ё дурӯғ. Насрин аз Кендал маслиҳат мепурсад ва ман роҳи ягонаи пинҳон мондани ин сирро дар куштани Абрӯ мебинам. Насрин барои писарашро аз даст надодан бо корд ба дили Абрӯ мезанад ва Абрӯро дар ҳолати вазнин ба беморхона мебаранд. Ҳеҷ кас умед надорад, ки ӯ дубора чашмонашро кушода дунёи равшанро мебинад, вале Худованд ба Абрӯ умри дубора мебахшад.

Савол:-Кендал дар филм ба сари аҳли оилаашон кулфатҳои бешумор биёрад ҳам, модараш ҳамеша ӯро мебахшад. Шумо бо ин чӣ гуфтан мехостед?

Оишаи Мурод, аз деҳаи  Қаратоғ

Посух:-Кендал бачаи дӯстдоштаи модараш аст. Вақте Мурод деҳаашро, ҳамсарашро ва аҳли оилашро тарк намуда ба Истамбул ба назди зани дуюм ва кӯдаконаш меравад, модараш Қадрия аз писараш ранҷида ӯро бад мебинад. Минбаъд вай тамоми меҳру муҳаббаташро ба Кендал мебахшад ва танҳо ӯро асои айёми пириаш мешуморад, аз ҳамин хотир тамоми гуноҳҳои ӯро мебахшад. Бо ин мо гуфтан мехостем, ки фарзанд чи хеле, ки набошад, барои модар азиз аст.

Савол:-Аз байни филмҳои худатон кадомаш ба худи шумо писанд аст?

Фарҳод, аз Истаравшан 

Посух: “Гули сиёҳ” ва “Водии Гургон”. Чаро ин ду филмро ном бурдам? Ман аз соли 1985 то соли 2014 танҳо нақшҳои мусбатро мебозидам, вале дар ин ду филм нақшҳои манфиро бозида исбот кардам, ки актёри профессионал ҳастам.

Барои суҳбати самимӣ ташаккур. Муваффақ бошед!

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *