Мулоқоти Маликшо Неъматов бо Томаш Хунер
18 апрели соли 2018 Сафири Тоҷикистон дар Чехия Маликшо Неъматов дар қабули расмии Вазири саноат ва савдои Чехия Томаш Хунер иштирок намуд.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Сафири Тоҷикистон зимни суҳбат бо Вазири саноат ва савдои Чехия масъалаи ҷаласаи навбатии комиссияи байниидоравии Тоҷикистону Чехия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ ва баргузории форуми тиҷоратии соҳибкорони ҳарду кишварро соли равон дар шаҳри Душанбе баррасӣ намуд.
Ҷонибҳо омодагии хешро барои ташкилу баргузор намудани ин чорабиниҳои муҳим, ки барои рушду тавсеаи ҳамкории гуногунчабҳаи мутақобилан судманди ҳарду кишвари дӯст мусоидат мекунанд, изҳор намуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ