Мулоқоти ошиқона бо марг анҷомид
Як ҷавони 24-солаи тоҷик дар Русия ҳангоми мулоқоти ошиқона аз сӯи ду духтар ба таври бераҳмона кушта шудааст. Алайҳи ҳарду духтар бо иттиҳоми куштор ва ғоратгарӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.
Шӯъбаи минтақавии Кумитаи тафтишоти Русия дар шаҳри Димитровгради вилояти Уляновски Русия рӯзи 28 декабр хабар дод, ки ду духтари маҳаллиро бо иттиҳоми куштани як ҷавони тоҷик дастгир кардаанд. Додгоҳи Димитровград рӯзи 27 декабр яке аз онҳоро, ки 21-сола будааст, ба ҳабс гирифт, вале дувумӣ, ки 17 сол дошта, ноболиғ ба шумор меравад, марҳалаи тафтишотро дар ҳабси хонагӣ паси сар хоҳад кард.
Нашрияи маҳаллии «Три сосны» аз қавли Алексей Колотов, ёвари раҳбари шӯъбаи тафтишоти Димитровград гузориш дод, ки ҷавони 24-солаи зодаи Тоҷикистон бо ин ду духтари солҳои таваллудашон 1995 ва 1999, дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ шинос шуда, ҳардуро ба манзили иҷорааш ба мулоқот даъват мекунад.
Шаби 26 декабр, ин ду духтар ба мулоқоти ҷавон омада, ҳангоми бозиҳои ошиқона дасту пои ӯро мебанданд ва бӯғиаш мекунанд.
Алексей Колотов мегӯяд: «Ба ин ҷиноят даст доштани ду сокини шаҳри Димитровград, солҳои тваллудашон 1995 ва 1995 муайян карда шуд. Бояд гуфт, якеи онҳо ноболиғ мебошад. Дар ҷараёни тафтишот маълум шуд, ки сабаби ин ҷиноят тамаъҷӯӣ будааст. Ва рӯзи 27 декабр алайҳи ҳарду духтар бо иттиҳоми куштори гурӯҳӣ бо ангезаҳои тамаъҷӯӣ ва ҳамлаи ғоратгарона айбномаи расмӣ эълон карда шуд.”
Ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ, духтарҳо баъди куштани ҷавони тоҷик пулу моли ӯро бо худ ба яғмо бурдаанд. Фардояш духтари ноболиғ, гӯё чизе нашуда бошад, бе ягон парво ба мактаб ҳам рафтааст.
Алексей Колотов гуфт, гумонбари баркамол бо ҳукми додгоҳи шаҳри Димитровград барои ду мозҳ ба ҳабс гирифта шуд, вале нисбат ба гумонбари дувум ба далели ноболиғиаш ҳамчун чораи пешгирӣ аз ҳабсти хонагӣ кор гирифтаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ