Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Меҳмет Эрсон

Вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар ҳошияи 86-умин Ассамблеяи Генералии Интерпол, ки дар Пекин идома дорад, бо муовини вазири умури дохилии Туркия Меҳмет Эрсой мулоқот кардааст. Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода ва Меҳмет Эрсон роҷеъ ба ҳамкориҳои ду ҷониба ҷиҳати кофтукови афроди мавриди ҷустуҷӯ, боздошт ва истирдоди афроди қарордошта дар кофтукови байналмилалии «Интерпол» ва ҳамчунин мубодилаи маълумоти оперативӣ, гуфтугӯ карданд. Дар ҳошияи ин нишаст Рамазон Раҳимзода ҳамчунин бо Мурод Алӣ Мурод, муовини вазири умури дохилии Ҷумҳурии исломии Афғонистон низ мулоқот кардааст. Дар ин мулоқот ҷонибҳо мубориза бо таҳдиду хатарҳо дар минтақаро баррасӣ карданд. Ассамблеяи генералии «Интерпол» то рӯзи 29-уми сентябр идома мекунад. Дар ин нишаст ҳайати Тоҷикистонро вазири умури дохилӣ Рамазон Раҳимзода раҳбарӣ мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *