Мулоқоти сарвазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар Тирмиз

Абдулло Орифов ва Қоҳир Расулзода дар нишасти 6-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба тиҷорату иқтисод ширкат хоҳанд кард.

Имрӯз, 3 апрел дар шаҳри Тирмиз, маркази вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон мулоқоти сарвазирони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баргузор мешавад.
Тавре сомонаи Вазорати хориҷаи Ӯзбекистон хабар медиҳад, ҳайатҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон бар раҳбарии Абдулло Орифов ва Қоҳир Расулзода дар нишасти 6-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба тиҷорату иқтисод ширкат хоҳанд кард.
Ин манбаъ маълумот медиҳад, ки дар ин нишаст масоили марбут ба рушди тиҷорат, иқтисод, нақлиёт, иртиботот, эенргетика, фарҳанг, кишоварзӣ ва хоҷагии об баррасӣ мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *