Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Ҷониш Рустенбеков
Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дода, афзудааст, ки ҷонибҳо масоили вобаста ба рушди муносиботи дӯстию ҳамсоягии нек ва ҳамкории судбахшро баррасӣ намуданд.
Ба иттилои манбаъ, Шукурҷон Зуҳуров аз рушди муносибатҳои дуҷониба ёдовар шуда, гуфт: «Заминаи ҳуқуқию қарордодии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистонро 98 санад ташкил медиҳад, ки давоми солҳои 1993-2018 ба имзо расидаанд. Ин санадҳо барои рушди муносибатҳои дуҷониба дар тамоми соҳаҳо заминаи мустаҳкам гузоштаанд».
Зикр шуд, ки нақши парлумонҳои ду ҷониб дар таҳкими ҳамкории гуногунсоҳа хеле назаррас мебошад. «Аз ин рӯ, мо бояд ҳарчи бештар робитаҳои байнипарлумонии мамлакатҳоямонро тақвият бахшем», — гуфт Раиси Маҷлиси намояндагон.
Бояд гуфт, ки ҳуҷҷатҳои асосие, ки муносибатҳои дутарафаи ҳарду мамлакатро ба танзим медароранд, Аҳднома оид ба муносибатҳои асосии байнидавлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ва Аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамшарикӣ мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар доираи СММ, САҲА, ИДМ, СААД, СҲШ ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ҳамкории судманд ба роҳ мондаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ