Мулоқоти вакилони Парлумон бо муҳоҷирони тоҷик дар Россия

Дар рафти саволу ҷавоб муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯён як қатор масъалаҳоро, аз ҷумла авфи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба рӯйхати ихроҷшудагон ворид шудаанд ва айниҳол дар ҳудуди Россия ба сар мебаранд, гузаштани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ аз тарафи донишҷӯён дар корхона ва муассисаҳои Федератсияи Россия ва дигар масъалаҳои доғи рӯзро ба миён гузошта аз намояндагони парлумон хоҳиш намуданд, ки барои ҳалли ин масъалаҳо дар дар сатҳҳои зарурӣ чораҳо андешанд.

Имрӯз дар бинои Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург вохӯрии Раиси Кумита оид ба иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шариф Раҳимзода, Раиси Кумита оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Раҷабова, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Раҷабов ва Консули генералӣ Давлаталӣ Назризода бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумлаи намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯён баргузор гардид.

Шариф Раҳимзода ва Лутфия Раҷабова дар назди ҳозирин баромад намуда,  нақши бузургу марказии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҷеъ ба дастовардҳои бузурги ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун, бахусус кӯшишҳо барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, сохтмони корхонаву иншоотҳои гуногун, аз ҷумла ба кор андохтани чархаи аввали НОБ-и Роғунро  қайд карданд.

Инчунин маърӯзачиён мавқеи созанда ва тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати кишвар андешидашуда дар раванди тарбияи насли наврас ва ҷавонон, мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ, таъмини суботу оромӣ ва заминаи мусоид барои рушди устувор дар минтақа, эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои  рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”-ро шарҳ доданд.

Пас аз баромадҳо аъзоёни парлумон ба саволҳои ҳозирин посух дода, роҷеъ ба вазъи ҳуқуқии муҳоҷирон ва мушкилоти ҷойдошта бо онҳо суҳбат намуданд. Дар рафти саволу ҷавоб муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯён як қатор масъалаҳоро, аз ҷумла авфи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба рӯйхати ихроҷшудагон ворид шудаанд ва айниҳол дар ҳудуди Россия ба сар мебаранд, гузаштани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ аз тарафи донишҷӯён дар корхона ва муассисаҳои Федератсияи Россия ва дигар масъалаҳои доғи рӯзро ба миён гузошта аз намояндагони парлумон хоҳиш намуданд, ки барои ҳалли ин масъалаҳо дар дар сатҳҳои зарурӣ чораҳо андешанд.

Сипас намояндагони диаспора – раиси Шӯрои ҳамоҳагсозии диаспораи тоҷик Б.Бердов, раиси иттиҳодияи ҷамъиятии тоҷикистониёни шаҳри Санкт-Петербург “Аҷам” Мурод Усмонов, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯён баромад намуда, қайд карданд, ки аз Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати ғамхорӣ нисбат ба ҳамватанон ва муҳоҷирони меҳнатӣ сипосгузоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *