Муъмин Қаноат: Ҳою ҳуйи мо беҳуда! Се ҳушдори шоир дар мусоҳибаи охирин

Устод Муъмин Қаноат, ки 4 сол қабл моро тарк карданд ва 20-уми майи соли равон 90-солагиашонро ҷашн мегирем, шукуҳи адабиёти муосири тоҷик буданд. Вазну тамкини замин ва қудрати ҷонофарин доштани сухан дар замони зинда будани Муъмин Қаноат эҳсос мешуд. Бо вуҷуди он ки солҳои охири умр устод камфаъолият буданд, вале ҳузури эшон чун яке аз пояҳои устувори ҷомеаи фарҳангии тоҷик бисёр муҳим буд. Вале афсӯс…

Банда бо устод Муъмин Қаноат вохӯриву суҳбатҳои зиёде доштам, ки солҳои қабл ба табъ расида буданд. Ҳанӯз сабти суҳбати 4-соатаи нонавишта ва нашрнашуда низ бо эшон дорам. Вале имрӯз, дар арафаи мавлуди устод, суҳбати охиринамро бо эшон ба ёд меорам, ки чанде қабл аз марги эшон сурат гирифта буд. Устод Муъмин Қаноат то вопасин лаҳзаҳои умр дар фикри адабиёт, забон, фарҳанг ва таърих буданд. Дар ин суҳбат низ, ки дар вақти бемориашон сурат гирифта буд, устод се паём доштанд, ки онро аз номи худашон манзури шумо мекунам.

Се зиндагии шоир

Ба шахсияти эҷодкор Худованд се зиндагӣ ато мекунад: якум барои омӯзиш, дуввум барои татбиқи андӯхтаҳо ва саввум барои омӯзонидан. Мутассифона, на ҳамеша инсон ба қадри вақт барин неъмат мерасад. Банда низ афсӯс мехӯрам, ки бисёр чизҳоро дар зиндагӣ аз даст додам. Ҳоло дар синни пирӣ мекӯшам, то чизҳои аз даст рафтаро пас гардонам, вале афсӯс…

Чанде боз ба омӯзиши амиқи китоби «Авасто» ва дини зардуштӣ шуруъ кардаам. Зардуштияро на ҳамчун дин, балки мисли як фалсафа таҳқиқ мекунам, ки дар манбаи он ҳақиқати машҳур ниҳода шудааст: пиндори нек, гуфтори нек, рафтори нек. Ҳама ҷаҳониён, моҳиятан, саъй мекунанд, то ба ин ҳақиқат расанд, кулли адёни олам дар атрофи ин мавзуъ баҳс мекунанд ва сиёсати ҷаҳони муосир низ бояд дар асоси ин сегона офарида шавад. Яке аз самтҳои корҳои илмии ман алъон ба таҳлили ин мавзуъ равона аст. Агар Худованд умр диҳад, рисолае ҳам менависам.

Мактаби адабӣ

Чун ман шоирам, бештар дар мавриди адабиёт андеша мекунам. Хеле мутаассифам, ки адабиёти мо дар деги худ меҷӯшад. Алъон, аксарияти шоирон ва нависандагони ҷавон донистани решаҳои худро як чизи нолозим меҳисобанд. Омӯзиши адабиёти ҷаҳонӣ, санъат ва сиёсат дар онҳо дида намешавад. Охир, офаридани шоҳасар бо каллаи холӣ ҳеҷ имкон надорад, қаламро ба даст гирифтан бо ботини дохилии пуч — гуноҳ аст. Афсӯс, аксари эҷодкорони мо камсаводанд.

Касе дар пайи омӯзиши ҷавонҳо нест.

Қаблан дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шуъбаи махсус барои тарбияи насли ҷавон буд. Ва Боқӣ Раҳимзода барин муаллими бузург роҳнамо буданд. Аз саросари кишвар истеъдодҳоро ҷамъ меоварданд. Ҳоло, афсӯс, чунин нест. Касе ба касе коре надорад. Ҳол он ки, адабиёт бе барномаи дуруст, бе роҳнамоии дуруст, бе нақди дуруст як қадам ҳам пеш намеравад. 

Шахсан ман якчанд шогирд ба воя расонидам, вале афсӯс, онҳо, чӣ тавре ки аз шеърҳову гуфтаҳояшон бармеояд, он қадар оқил нашуданд. Ягона шогирди шоистаи ман марҳум Лоиқ Шералӣ буд, ки ӯро камина ба тамоюлҳои нави назм шинос карда будам, дар шахсияти ӯ ман манбаи ғурур, озодфикрӣ ва ҳисси ифтихороти миллиро парварда будам. Аммо бо як тарбия чизи муҳимеро ба даст овардан мумкин нест, агар дар ботини худи шахс манбаи зарурӣ набошад. Ва Лоиқ чунин шахсият буд.

Ҳоли забонро хароб карданд!

Вақтҳои охир вазъи забон маро мушавваш мекунад. Ахиран, тамоюлоти аҷоиби инкишофи забони адабӣ мушоҳида мешавад: баъзеҳо кӯшиш мекунанд, ки онро ба сатҳи ниҳоят оддӣ фароранд, баъзеҳои дигар саъй мекунанд, ки онро то сатҳи ношинохтанӣ бароранд. Ва аз ҳама ғарибаш, забонро то он дараҷае содда кардаанд, ки гӯйишҳои баъзе минтақаҳои Тоҷикистон дар сатҳи давлатӣ истифода мешавад. Дар баробари ин, гуруҳи дуюм кӯшиш мекунад, то забонро ба ҳадди аксар такмил диҳад, онро ба таври сунъӣ бо калимоту ибораҳои бегона, ғайритоҷикӣ “зеботар” намояд. Ва дар ин маврид онҳо ба лаҳҷаҳои Эрон такя мекунанд. Ҳар дуи ин тамоюл ба манфиати забони тоҷикӣ нест. Табиати забон татбиқи маснӯиро таҳаммул карда наметавонад, он мисли дарёи пурҷӯш аст, ҳама чизи нолозим ва беҷонро ба соҳил меандозад. Ҳамин чиз тадриҷан бо забони тоҷикӣ ҳам рух медиҳад. Чанд рӯз пеш дар нашрияе хондам, ки олиме гуфта: “Забони тоҷикӣ қудрати бозгӯйии илми дақиқро надорад”. Хандаам омад. Чаро Хайём тавонист, Сино тавонисту имрӯз мо наметавонем!? Барои мисол Абӯалӣ ибни Сино, ки дар Ғарб ҳамчун Авитсенна машҳур аст, тавонист як қатор истилоҳоти тоҷикӣ дар соҳаи тиб, равоншиносӣ, кимиё, физика, нуҷумшиносӣ ва мусиқӣ кашф кунад. Масалан, бемории «рак»-ро вай дар энсиклопедияаш «ҳазорреша» номидааст. Вале ҳоло, дар соҳаи тиби муосир, мо тамоман вожаи дигареро истифода мебарем — «саратон», ки он ҳам арабӣ аст… 

Имрӯз ҳама аз таърихи боифтихори забон мегӯем, дар бораи аҷдодони бузурги худ — Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Румӣ ва дигарон доду вой мезанем, вале чаро мо кӯшиш намекунем, ки фарзандони сазовори ин падарон бошем?! Ҳаёҳуйи мо бефоида аст. Бояд ҷиддӣ дар фикри забон, дар фикри мероси халқамон бошем. Мо аз дороиҳои дунё фақат ду чиз дорем — фарҳанг ва илм. Адабиёт, забон ва шеъри мо ҷузъи фарҳанги мост. Онро бояд пос дорем.

О. СОҲИБЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *