Мумкин нест! ДАРО!
Ё чаро ҳама унвони нозир доранд, аммо касе назорат намекунад?
Хушбатона, имрӯзҳо дар дилхоҳ даромадгоҳ: корхона, бозор, мағоза, дорухона, донишгоҳ, факултет, кабинет, нақлиёти ҷамъиятӣ ва ғайраҳо бо навиштаҷоти «Бе ниқоб даромадан манъ аст» вомехӯрем.
Вале бадбахтона, мо ба корхона ниқобамонро дар даст гирифта меравем. Ба бозор бе ниқоб меравем. Дар мағозаҳо ниқобпӯширо мӯд накардаем. Ба дорухона бе ниқоб ниқобхарӣ меравем. Дар донишгоҳ ҳарчанд сахт гиранд ҳам, пас аз ворид шудан аз дарвоза ниқобамонро ба дастамон мепӯшонем. Дар факултет шефҳо барин бе ниқоб мегардем, зеро макони худамон аст. Ба кабинети дилхоҳ нафар бе ниқоб медароем ва мегӯем: «Бахшиш, ниқобамро фаромӯш кардам”. Дар нақлиёти ҷамъиятӣ бе ниқоб медароему мебароем, аммо касе чизе намегӯяд, зеро мо 1 сомонию 60 дирам медиҳем.
Хуллас, мо аз охири моҳи апрел то даҳаи аввали июн аз ин балои замон сахт тарсидем, дар депрессия будем, ниқобҳоямонро бисёр хуб истифода кардем, вале мутаассифона, аз он вақт то имрӯз дигар дар баробари гуфтанҳои зиёд, ҷариматаъинкуниҳо ва тавсияҳову илтимосҳо ниқоб намепӯшем. Ин дар ҳолест, ки имрӯз қариб тамоми расонаҳо, хусусан расонаҳои хориҷӣ аз мавҷи дуюми коронавирус мегӯянд. Ва агар ба шумораи сироятёфтагон дар чанд рӯзу ҳафтаи охир бингарем, то андозае ба фикре меоем, ки ин ҳама хабару гузоришҳое, ки дар мавриди таҳдиди мавҷи дуюм омодаву пахш шудаанд, ҳақиқате доранд. Ва метавон гуфт, ки имрӯз дунё ба зарбаи навбатии COVID-19 омода шуда истодааст ва бино ба омори расмӣ, шумори гирифторони СОVID-19 дар Тоҷикистон тайи ду ҳафтаи ахир беш аз даҳ дарсад афзудааст.
Ин мушкили аз пайи худ ба мо бисёр мушкилиҳоро оварда метавонад ва то вақте ки нозир назораткунанда нашавад, мо уфу оҳ гуфта мегардем.
Ва ба фикри мо, роҳи ягонаи рафъи ин мушкилӣ хотима додани шиорфурӯшиву насиҳаткунӣ болои қоғаз аст. Бояд амал кард!
Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ