Шумораи махсуси ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» аз Паём то паём
Бахшдида ба Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 22 –юми декабри соли равон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегирдад, ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ»-и Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи махсус нашр намуд.
Шумораи махсус аз 24 саҳифа иборат буда, дар он навигариҳои мақомоти андози кишвар, аз ҷумла семинар-машваратҳое ки бо тарзи онлайнӣ баргузор мегарданд, терминалҳои нав дар мақомоти андози кишвар, мақомоти надоз аз Паём то паём, тамғагузорӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, гуфтугӯ бо таҷҳизоти муосир, ҳукумати электронӣ, имтиёзҳои андоз барои андозсупорон, истифодаи Мошинҳои назорати хазинавии дорои таҷҳизоти интиқодиҳандаи электронӣ, маркази коркарди маълумотҳо ва мусоҳиба бо сардори Худамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуфатоҳи Ғоиб, мақолаҳои муовини вазири саноат ва техналогияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Рузизода Акрам ва муовини аввали вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сӯҳроб Мирзоев ва андешаҳои шаҳрвандон перомуни Паёми солонаи Пешвои миллат ба табъ расидааст.
Умаман навгониҳое ки аз Паём то паём дар мақомоти андози кишвар рух додаст, дар ин шумораи махсус ба таври муфассал дарҷ гардидааст. Шумораи махсус хонданибоб буда, дастраси андозсупорону шаҳрвандон гардид.
Мудири шўъбаи сиёсат ва
робита бо ҷомеаи ҳафтаномаи
«Боҷу хироҷ»
Мазҳаб Ҷумъа
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ