Муноқиша байни хонандагон дар кӯчаи Маяковскийи пойтахт. Аз кадом мактаб буданд?

Кормандони мақомоти милитсия дар Душанбе 13-нафар ноболиғро боздошт намуда, саривақт пеши роҳи муноқиша ва оқибатҳои нанговарро гирифтаанд.

Тавре ки Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, 21-уми январ дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр гардид, ки  дар он гуфта мешуд гурӯҳе аз наврасон тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.

“Вобаста ба ҳолати мазкур, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба иттилои шаҳрвандон мерасонад, ки ин ҳодиса санаи 20-уми январ, тақрибан соати 20:00, дар кӯчаи Маяковский рух додааст. Кормандони мақомоти милитсияи пойтахт худи ҳамон рӯз, дар натиҷаи пешбурди як қатор чорабиниҳои оперативӣ-санҷишӣ 13-нафар ноболиғро боздошт намуда, саривақт пеши роҳи муноқиша ва оқибатҳои нанговарро гирифтаанд”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.

Муайян карда шудааст, ки қаблан хонандагони МТМУ №8 ноҳияи И.Сомонӣ ва хонандагони МТМУ №43 ва №52 ноҳияи Сино тавассути шабакаи иҷтимоии «Инстаграм» байни ҳамдигар муноқишаи лафзӣ намудаанд. Бо ин мақсад, аз ду ҷониб гурӯҳи наврасон ҷамъ шуда, мехостанд бо ҳамдигар муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кунанд.

Аз ҷониби кормандони милитсия муноқишаи мазкур бо оқибатҳои фалокатовар пешгирӣ карда шудааст.

Нисбат ба волидайни 13 нафар ноболиғ-иштирокчиёни ҳодисаи мазкур протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷиҳати чораҷӯӣ ба Суд ирсол карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *