Муноқиша дар Донетск афзоиш меёбад

Дар ҷумҳурии эътирофнашудаи Донетск хабар додаанд,ки рӯзи чаҳоршанбе якбора вазъият бад шуда, тирпарронии дутарафа байни Қувваҳо мусаллаҳи Украина ва ҷанговарони Донетск шиддат гирифтааст. Намояндаи ҷумҳурии эътирофнашуда иттилоъ дод, ки нирӯҳои амниятии Украина дар давоми шабонарӯзи гузашта 21 маротиба ба қаламрави Донетск оташ кушодаанд. «Дар давоми рӯз аз 16 то 17 март вазъ дар хатти тамос шадидан бад шуд. Бузургтарин амалиёти оташкушоии ҷангиёни украинӣ дар самти Мариупол қайд карда шуд», — гуфтааст сухангӯи полис. Дар навбати худ , қувваҳои Украина ҷангиёни Донетскро ба нақзи оташбас гунаҳгор мекунанд. Вазъият дар ин минтақа рӯзҳои охир шиддат меёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *