Муноқиша дар маркази дилхушии «Зебои меҳр». Ду нафар боздошт шуданд

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбати 2-нафар масъули маркази дилхушии «ПМС» барои вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ хабар дод.

Тибқи иттилои манбаъ,  21-уми августи соли ҷорӣ тақрибан соати 03:30 дар маркази дилхушии «Зебои меҳр» (ПМС), воқеъ дар кӯчаи Деҳотии ноҳияи Фирдавсӣ байни соҳибмулк ва мизоҷон муноқиша ба миён омада, боиси халалдор гаштани оромии дигар шаҳрвандон гардидааст. 

“Вобаста ба ин аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе муайян карда шуд, ки маъмуру назоратчиёни тарабхонаи мазкур бо як гурӯҳ мизоҷони  маркази дилхушии «Зебои меҳр» (ПМС), ки дар ҳолати мастӣ қарор доштаанд, муноқиша карда, як нафар мизоҷро зери латукӯби шадид қарор додаанд, ки дар натиҷа ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст”,-таъкид менамояд манбаъ.

  Дар натиҷа барои содир намудани ҷинояти авбошӣ ва халалдор сохтани тартиботи ҷамъиятӣ ду нафар маъмурони тарабхонаи мазкур бародарон:


Саидов Авғон Фатҳуллоевич санаи таваллуташ 09.07.1998, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Махсум;


Саидов Саидавлиё Фатҳуллоевич санаи таваллудаш 04.04.2000, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Махсум дастгир карда шуданд.

Ҳоло нисбати номбурдагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *