Муноқишаи байни муҳоҷирони тоҷику ӯзбек бо иси ҳолокати ду нафар гардид
Дар маркази шаҳри Санкт-Петербурги Русия байни муҳоҷирони тоҷик ва ӯзбек муноқишаи гуруҳи ба амал омад, ки бо иси ҳалокати ду нафар гардид. Дар ин бора портали «Cover Operative» хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ муноқиша сари таъмири як сохтумон меравад, ки дар аввал шаҳрвандони Тоҷикистон бар уҳда гирифта буданд, аммо шаҳрвандони ӯзбекистони бо нархи арзонтар аз қарордоти тоҷикон, таъмири сохтмонро ба гардан мегиранд. Ин амали ӯзбекистаниён хашму ғазаби муҳоҷирони тоҷикро ба бор оварда байнашон муноқиша сар мезанад, ки ду муҳоҷири ӯзбек бо бардоштани захмҳои гуногун дар беморхона ба ҳалокат мерасанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ