Ном ба ном. Муноқишаи духтарони Душанбе дар «Аура» (аксҳо+видео)
Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе гуруҳи ҷавондухтарони пойтахтро ҳангоми муноқиша дар маркази дилхушии «Аура» дастгир карданд.
Тавре ки маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, “вақтҳои охир ҳодисаҳое аз қабили авбошиву вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва халалдор сохтани осоиштагии шаҳрвандон бо иштироки ҷавонзанон дар ҷойхои ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шуда истодаанд, ки дар натиҷа боиси ба ҷавобагрии ҷиноятӣ ҷалб гардидани ин “насли тарбиятгар” мегардад. Аз ҷумла, чунин як ҳодисаи нангину ҷиноятӣ, ки дар маркази дилхушии «Аура» воқеъ дар кӯчаи М. Турсунзода рух дода буд, нафарони гумонбар дастгир ва ба мақомоти милитсияи пойтахт дастрас карда шуданд”.
Дар натиҷаи санҷиши мақомоти милитсияи Душанбе муайян шудааст, ки ду гурӯҳ ҷавонзанон аз ду ҷониб, аз як тараф шаҳрвандон:
Киронова Шаҳноза Қодирҷонова, санаи таваллудаш 28.02.1998, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Восифӣ;
Зайналова Алсу Темуровна санаи таваллудаш 08.10.2000, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Б. Ғафуров;
ва аз ҷониби дигар
шаҳрвандон:
Шпирнова Олга Вадимовна санаи таваллудаш 06.05.2001, сокини шаҳри Душанбе,
кӯчаи Л. Толстой;
Ибрагимова
Нигора Азизмуродовна санаи таваллудаш 08.05.1995, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи
Н. Қарабоев;
Ҷураева
Озода Ойбековна санаи таваллудаш 21. 02. 2002, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи
Фирдавсӣ;
Нуралиева
Сабрина Баҳромовна санаи таваллудаш 25. 05. 2000, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи
С. Айнӣ;
бо ҳамдигар муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд.
Чуноне дар рафти пешбурди корҳои тафтишотӣ, навори ҷои ҳодиса ва пурсиши гумонбарон муайян карда шуд, сабаби муноқишаи мазкур “расидани китфи яке ба китфи дигаре дар вақти рақс ва ба ин тартиб халал расонидан ба истироҳати ҳамдигарӣ” унвон гардидааст. Дар ин замина номбурдагон ба ҳамдигар дарафтода, бо мушту пой ва зарфҳои шишагин якдигарро латукӯб намуда, ҳамзамон ба эроди атрофиён аҳамият надода, тартиботро дар мавзеи ҷамъиятӣ ба таври дағалона ва ба муддати тӯлонӣ вайрон кардаанд.
“Зимни пурсиш гумонбарон ба кирдорҳои содирнамудаашон
иқрор гардида, изҳори пушаймонӣ аз он доранд, ки ба ҷойи машғул гардидан ба
амалу рафтори неку намунавӣ, номи худро доғдор ва пайвандонашонро шармсор
намудаанд”,-иттилоъ медиҳад манбаъ.
Ҳоло нисбати боздоштшудагон тибқи талаботи
моддаи 237 қисмҳои 2 ва 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (авбошӣ дар
ҳайати гуруҳӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ