Муноқишаи ноболиғон дар кӯчаи Маяковский
15-уми сентябр дар кӯчаи Маяковскийи шаҳри Душанбе байни ноболиғон муноқиша сар зад. Ҳоло навори ин муноқиша дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад.
Кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе навори мазкурро мавриди санҷиш қарор дода, иштирокчиёни муноқишаро пайдо кардаанд.
Дар натиҷа А. Занҷиров, И. Фозилов ва И. Амиров, сокинони 14-солаи кӯчаи мазкур ҳамроҳи волидайнашон ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд.
Зимни санҷиш муайян карда шуд, ки номбурдагон дар заминаи нофаҳмии ночиз муноқиша намуда, якдигарро латукуб кардаанд.
Вобаста ба ин, кормандони самти кор бо ноболиғони милитсияи пойтахт бо волидайни онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намудаанд.
Дар ин бора Раёсати ВКД иттилоъ додааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ