Муноқаву куштор, садамаву марг ва чанд хабари дигари ВКД

Қасдан расонидани зарари вазнин ба марг анҷомид

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 32-солаи сокини шаҳри Бохтарро, ки пеш ду маротиба бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир намуданд.

Номбурда, рӯзи 13-уми декабри соли 2018, тахминан соати 13:30-дақиқа, ҳангоми дар кӯчаи Наврӯзи шаҳри Бохтар қарор доштанаш бо марди 42-солаи сокини ноҳияи Вахш ҷангу ҷанҷол карда, охиринро зери лату кӯб қарор додааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Садамаҳои нохуши нақлиётӣ дар ноҳияҳои Лахш ва Б.Ғафуров

Рӯзи 13-уми декабри соли 2018, тахминан соатҳои 15:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Портер”, Ғайратов Маҳмадисо Тополонович, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи Лахш, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Пилдони болои ноҳияи мазкур аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хурдсол, Юсуфзода Сумаяи Маҳмадато, соли таваллудаш 2013, сокини деҳаи мазкурро пахш намудааст.

Дар натиҷа, хурдсол Юсуфзода С.М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Ҳамчунин, рӯзи 13-уми декабри соли 2018, тахминан соатҳои 02:45-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Холматов Бахтиёр Абдувалиевич, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҳангоми ҳаракат дар роҳи “Б.Ғафуров-Унҷӣ” аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, зани шахсияташ номаълумро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагарди шахсияташ номаълум ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Барои муайян намудани шахсияти пиёдагард чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

Дуздии телефони мобилӣ аз рӯи мизи тарабхона

Ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ марди 22-солаи сокини кӯчаи Саҳбои пойтахт муроҷиат намудааст, ки рӯзи 1-уми ноябри соли 2018, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз рӯи мизи тарабхонаи «Қанд», воқеъ дар кӯчаи Баҳовуддинов 1-адад телефони мобилии тамғаи «Хуавей»-ро, ки арзишаш 2000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 20-солаи сокини кӯчаи Саҳбо бо ҷурми дуздӣ дастгир карда шуда, ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *