Муноқишаҳои оилавӣ ва се куштор

Куштори ҳамсар дар заминаи муноқишаи оилавӣ
Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 39-солаи сокини деҳаи Зарафшони ноҳияи Кушониёнро бо гумони одамкушӣ дастгир намуданд.

Номбурда, рӯзи 7-уми апрели соли 2018, тахминан соати 09:00-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсараш, зани 23-сола, аз сабаби муноқишаи оилавии ба миён омада, ҷангу ҷанҷол карда, бо корди хоҷагии дар дасташ буда, қасдан ба узвҳои ҳаётан муҳими ҷабрдида якчанд маротиба зарба зада, занашро ба ҳалокат расонидааст.
Нисбати гумонбар бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ба ҳалокат расонидани бародар бо таёқи чӯбин
Кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 39-солаи сокини деҳаи Майсазори ноҳияи Рӯдакиро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти куштор дастгир намуданд.

Номбурда, санаи 8-уми апрели соли 2018, тахминан соати 14:40-дақиқа, дар манзили истиқоматии падараш, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Майсазор аз сабаби муноқишаи оилавии ба миён омада бо бародари худ марди 46-сола, ҷангу ҷанҷол карда, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтан, бо таёқи чӯбин ба пушти сар, қафаси сина ва дигар узвҳои ҳаётан муҳими баданаш, якчанд маротиба мезанад.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Нисбати ин ҳодиса аз ҷониби кормандони милитсия ва Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ татфишот идома дорад.

Фавти ҳамдеҳа дар натиҷаи ҷангу ҷанҷол
Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини деҳаи Зарчашмаи шаҳри Гулистон ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.

Номбурда, санаи 6-уми апрели соли 2018, ба назди хонаи марди 32-солаи сокини маҳаллаи Навободи шаҳри мазкур барои таъмири автомашинааш рафта, дар он ҷо бо ҳамдеҳааш, марди 36-сола ҷангу ҷанҷол намуда, бо дасташ, 1-маротиба ба қисмати чапи рӯи охирин задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ба замин афтида, аз ҳуш рафтааст ва ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *