Муноқишаи мактаббачаҳо бо кордкашӣ анҷомид
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ марди 47-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 4-уми октябри соли 2018, тахминан соати 15:30-дақиқа, “Дилшод” ном шахс аз ҳиссиёти авбошӣ бо писари ноболиғи 17-солааш, хонандаи синфи 11-уми МТМУ, ҷангу ҷанҷол карда, бо олоти халандаю буранда ба рони чапи пояш задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, писарбачаи 17-солаи сокини кӯчаи Гипроземи шаҳри Душанбе, хонандаи синфи 11-уми МТМУ, бо гумони авбошӣ дастгир карда шуда, тафтишоти ин ҳодиса идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ