Муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон хотима ёфт?

Музокироти мақомоти баландпояи Тоҷикистону Қирғизистон дар робита бо муноқиша дар марзи ду кишвар ба анҷом расид ва мувофиқаи ҳосилшуда дар як протоколи муштарак сабт шуд.

Музокироти мақомоти баландпояи Тоҷикистону Қирғизистон дар робита бо муноқиша дар марзи ду кишвар ба анҷом расид ва мувофиқаи ҳосилшуда дар як протоколи муштарак сабт шуд.

Пас аз музокирот раҳбарони ҳайатҳо — Азим Иброҳим, муовини сарвазири Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизи ӯ Ҷениш Раззоқов дар хатти марзи байни деҳаҳои Хоҷааълои Тоҷикистон ва Оқсои Қирғизистон як нишасти хабарӣ доир карданд.Бар асоси мувофиқаи дуҷониба, қарор шуд, ки ҷониби Қирғизистон ба бунёди қитъаи роҳи моҷаробарангези Ботканд-Оқсой-Тамдиқ «ба хотири убури чорво» идома медиҳад ва баробар бо ин, ба сокинони Тоҷикистон иҷоза мешавад, ки дар 2-километрии ҷанубтари ин қаламрав дар қитъаи роҳи Ворух-Сомониён-Исфара роҳи худро бисозанд. Тоҷикистон ва Қирғизистон ба мувофиқа расиданд, ки дар навбати аввал афродеро, ки даст ба ҷиноят зада, боиси сар задани муноқиша шуданд ва боиси кушта шудани ду нафар гардиданд, ба ҷавобгарӣ мекашанд.Дар пайи муноқишаи 13-14 март дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ду шаҳрванди Тоҷикистон аз тири силоҳ кушта шуда, беш аз 20 нафар, аз ҷумла 3 шаҳрванди Қирғизистон ҷароҳат бардоштанд. Ин моҷаро баъди он сар шуд, ки сокинони деҳоти Ворухи Тоҷикистон бо корҳои сохтмонии роҳи Ботканд-Оқсой-Тамдиқ мухолифат карданд. Дар пайи ин моҷаро ба раҳбарии муовинони сарвазирони ҳарду кишвар музокирот шурӯъ шуд, ки рӯзи 18 март ба поён расид.Бар асоси мувофиқаи дигари ҷонибҳо, амнияти қаламрави марзиро патрулҳои полиси якҷоя назорат карда, амнияти шаҳрвандони ду кишварро таъмин мекунанд. Тамоми посгоҳҳо бардошта мешаванд ва роҳ барои равуои мардум байни Ворух ва Оқсой дар маҳалли сарҳадӣ боз мешавад гуфта шуд дар брифинги мақомоти ду кишвар.Мақомоти ҳарду кишвар дар поёни нишасти хабарӣ ҳарду ҷониб, бахусус сокинони деҳоти наздимарзиро ба оромиш ва субот даъват карда, гуфтанд, ки бояд тамоми талош ба харҷ дода шавад, то дигар чунин ҳодисаҳо такрор нашавад.Муовини сарвазири Тоҷикистон ва раиси Комиссиюни аломатгузории марз Азим Иброҳим баъди анҷом музокирот ва имзои протокол дар сӯҳбати кӯтоҳаш бо намояндагони матбуот гуфт, ки мавзӯи марз як масъалаи ҳассос аст. Ӯ дар посух ба саволи хабарнигорон гуфт, ки ба хотири роҳ надодан ба иттилои иштибоҳӣ тасмими мақомот дар давоми панҷ рӯзи музокирот ин шуд, ки дар бораи ҷараёни сӯҳбатҳо бо матбуот сӯҳбат нашавад. «Вале як мувофиқаи муҳими мо, ки дар протокол ҳам инъикос шудааст, ин аст, ки бояд омилони сар задани ин моҷаро ҳатман ба ҷавобгарӣ кашида шаванд», гуфт Азим Иброҳим. Ӯ гуфт, ду марде, ки кушта шуданд, оила доштанд ва баъди сари онҳо сефарзандӣ ҳар ҳар оила бепадар монд. «Ба додситониҳо супориш додем, ки ҳатман гунаҳгорон пайдо ва муҷозот шаванд, ин хеле муҳим аст».Муовини сарвазири Қирғизистон Ҷениш Раззоқов дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки тавофуқҳои ҳосилшуда «мутобиқ бо манфиатҳои ҳарду ҷониб, ҳам Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон» ҳосил шудааст. Раззоқов гуфт, ки ҳарду ҷониб ҳам инро дарк мекунанд, ки бояд барои ҳалли мушкили мардум ва ҳам фароҳам овардани шароити муносиби зиндагӣ бояд «тасмимҳои созанда» гирифта шаванд, то ки, ба гуфтаи ӯ, «чунин низоъҳо дигар ҳеҷ гоҳ такрор нашаванд».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *