Муноқишаи рафиқон бо куштор анҷомид
Як сокини шаҳри Исфара ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии рафиқаш боздошт шуд.
Як сокини шаҳри Исфара ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии рафиқаш боздошт шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 24-солаи сокини шаҳри Исфара, ки пеш бо моддаи 238 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
“Номбурда, рӯзи 24-уми июли соли 2019, тахминан соати 11:00, дар гузаргоҳи роҳи оҳани қитъаи «Суғдироҳ», воқеъ дар кӯчаи А.Ҷӯраеви шаҳри мазкур бо рафиқаш, марди 34-солаи сокини ҳамин ноҳия вохӯрда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада ҷангу ҷанҷол намуда, бо корд як маротиба ба шикамаш задааст”, — омадааст дар иттилоия.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Айни ҳол, нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ