Муноқишаву кордкашӣ ва дигар хабарҳои ВКД

Муноқишаи оштинопазирӣ байни ду ҷавон

Ба ШВКД дар ноҳияи Фархор марди 21-солаи сокини ҷамоати деҳоти Дарқади ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 28-уми январи соли 2019, тахминан соати 18:30-дақиқа, ноболиғи 17-солаи сокини ҳамин ноҳия, хонандаи синфи 11-уми МТМУ, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Дарқад бо ӯ вохӯрда, аз сабаби муноқишаи оштинопазирӣ ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 3-маротиба ба баданаш задааст.

Дар натиҷа, номбурда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Далели шайъӣ корди қадшаванда гирифта шуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Бе тамғаи аксизӣ интиқол додани машрубот

Аз ҷониби кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 51-солаи сокини шаҳри Гӯлистон, бо гумони ба муомилот баровардани мол ва маҳсулоти тамғаношуда дастгир карда шуд.

Номбурда, аз соли 2012 то инҷониб дар вазифаи намояндаи ҶДММ «Шоҳона»-и вилояти Суғд фаъолият намуда, рӯзи 27-уми январи соли ҷорӣ тавассути автомашинаи тамғаи «Мерседес-Аттеко», аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Конибодом ба миқдори 3252-адад нӯшокиҳои спиртии тамғаи «Шоҳона Ржанная»-ро бе тамғаи аксизӣ интиқол додааст.
Зарари расонидашуда 59 ҳазору 660-сомониро ташкил медиҳад.
Оид ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 259 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *