Муносибатҳои марзиро ҷавонон мустаҳкамтар мекунанд
Ҷавонони наздимарзии тоҷику қирғиз дар як ҳамоише дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд аз тақвияти ҳамкориҳои худ ва дарандохтани тарҳҳои нав дар оянда машварат карданд. Ин ҳамоиш таҳти унвони “Ҷавонон ҷонибдори дӯстӣ ва ҳамкорӣ” ҷараён гирифт.
Тоҷикону қирғизҳо дар минтақаҳои наздисарҳадии Суғду Бодканд канори ҳам, вале дар давлатҳои дигар зиндагӣ мекунанд. Хати сарҳад байни Тоҷикистону Қирғизистон ҳанӯз муайян ва нишонгузорӣ нашудааст ва гоҳҳо байни сокинон сари истифодаи якҷоя аз роҳҳову чарогоҳҳо ва манобеи обии ягона баҳсу муноқишаҳо сар мезанад. Сокинони деҳаҳои Кок Тоши ноҳияи Бодканд ва Сомониёни ноҳияи Исфара чандин сол боз сари истифода аз обу кони шағали маҳал баҳс мекунанд. Ин баҳсу гоҳо муноқишаҳо ба муносибати байни сокинон соя андохта, мисли қабл бо ҳам ба мусобиқаҳои варзишиву ҷашну маъракаҳо ҷамъ намеоянд. Мақсадбег Асанбой, ҷавоне аз деҳаи Кок Тоши ноҳияи Бодканд мегӯяд, ҳоло тавассути барномаи ҳамоишу ҳамкорӣ ҷавонони ду ҷониб риштаҳои гусастаи дӯстиро пайванд медиҳанд.
Идомаро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мутолиа намоед.
Фарзона Муродӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ