Мунтахаби 15-солаҳои Тоҷикистон: баҳо ғайриқаноатбахш!

Мунтахаби 15-солаҳои Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ CAFA U-15 Boys Tournament 2017, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор ҷараён гирифт, бо як ғалаба (!)  миёни панҷ мунтахаб ҷойи охиринро касб кард. Чунин «дастоварди варзишӣ»-ро аз академикҳои ФФТ касе интизор набуд. Мунтахаби Тоҷикистон назар ба ҳамсолони афғону қирғиз, ӯзбеку туркман техникаи пасти футболро нишон дода, чор бозиро пайиҳам бохтанд.

Акнун пас аз анҷоми мусобиқаи барои футболбозони 15-сола бонуфуз аз гузориши ФФТ маълум мешавад, ки сармураббии дастаи мунтахаб Зайниддин Раҳимов футболбозони навро дар ин мусобиқа санҷидааст.

Ба гуфти З. Раҳимов, ӯ дар мусобиқаи байналмилалии Сочи 18 футболбозро санҷида, ба қароре омаданд, ки дар  мусобиқаи байналмилалии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ CAFA U-15 Boys Tournament 2017 ҳайати дуюми мунтахаби Тоҷикистонро аз ҳисоби дастпарварони Академияи футболи ФФТ имтиҳон намоянд. Бачаҳо аз имтиҳон гузашта натавонистанд. Пас  метавон мантиқан фаъолияти сармураббӣ ва худи Академияи футболи ФФТ-ро дар ин самт ғайриқаноатбахш  баҳогузорӣ намуд.

Баръакс, пирӯзии мунтахаби Афғонистон барои доиркунандагони мусобиқаи мазкур «сюрприз» гардид. Онҳо дар се бозӣ ғолиб омада, ҳамчун ҳамсолони ӯзбекашон 9 хол гирифтанд. Аммо чун  мунтахаби Ӯзбекистонро шикаст дода буданд, ба ҷойи аввал баромада, ғолиби мусобиқа эътироф шуданд. Мунтахабҳои Ӯзбекистон мақомҳои дуюм, Қирғизистон сеюм, Туркманистон чорум ва Тоҷикистон панҷумро гирифтанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *