Мунтахаби 16-солаҳои Тоҷикистон дар Малайзия

Шоми 12 сентябр мунтахаби 16-солаҳои Тоҷикистон оид ба футбол  аз воситаи Тошканд ба кишвари Малайзия, ки дар ин ҷо марҳилаи ҷамъбастии омодагӣ ба қисмати финали ҷемпионати Осиё-2018 аз 20 сентябр то 7 октябр баргузор мешавад, парвоз карда расиданд.

Дар як ҳафтаи то оғози мусобиқа мунтахаби мо  ҷамъомад гузаронида, ба иқлим мутобиқ мешавад. Футболбозони 16-солаи тоҷик дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Малайзия, Ҷопон ва Таиланд вомехӯранд. Дидори аввалин онҳо бо дастаи мизбонони мусобиқа – мунтахаби Малайзия 20 сентябр ҷараён мегирад.  23 сентябр дар давраи дуюм шогирдони  Зайниддин Раҳимов бо ҳамсолони ҷопонӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Бозии даври сеюм бо тими Таиланд 26 сентябр баргузор мешавад.

Мувофиқи муқаррароти мусобиқа 4 дастаи беҳтарини чемпионати Осиё-2018 ба чемпионати ҷаҳон-2019 (U-17), ки дар давлати Перу баргузор мешавад, роҳҳат мегиранд. Ба ҳамватанон бахту омади варзишӣ таманно мекунем!

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *