Мунтахаби 22-солаҳо низ ноком шуд
23 июл мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-22) дар бозии сеюми гурӯҳӣ аз мунтахаби Урдун бо ҳисоби 0:2 ноком шуд ва бо ҳамин иштирокашро барои бозиҳои финалии чемпионати Осиё-2018 аз даст дод.
Шогирдони Ҳаким Фузайлов дар мусобиқаи мазкур дидорашонробо мунтахабҳои Фаластин мусовӣ – 2:2 анҷом дода, аз Бангладеш шикаст хӯрд (3:1) ва бо 4 хол дар гурӯҳи худ ҷойи сеюмро ишғол намуд. Аз ин гурӯҳ мунтахабҳои Фаластину Урдун бо ишғоли ҷойҳои якуму дуюм ба финали чемпионати қитъа роҳхат гирифтанд.
Воқеан, маълум шуд, ки дар марҳилаи финалии чемпионати Осиё-2018 мунтахабҳои 22-солаҳои кишварҳои Уммон, Ироқ, Қатар, Ӯзбекистон, Фаластин, Австралия, ҶХХК, Малайзия, Кореяи Ҷанубӣ, Арабистони Саудӣ, Сурия, Урдун, Таиланд, Вйетнам ва Ҷопон ширкат меварзанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ