Мунтахаби футзали Тоҷикистон аз тими Тайланд шикаст хӯрд

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов баромади худро дар Ҷоми Осиё-2022 дар Кувайт анҷом дод.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, “дар даври чорякфиналӣ дастаи мо дар муборизаи бисёр ҳассос аз мунтахаби Тайланд бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд. Футзалбозони тоҷик дар қисми аввал бо ҳисоби 0:1 шикаст мехӯрданд. Вале дар қисми дуюми бозӣ онҳо на танҳо натиҷаро баробар карданд, балки ба пеш ҳам баромаданд — 2:1. Дар лаҳзаҳои охир футзалбозони Тайланд боз пешсафиро соҳиб шуданд. 30 сония қабл аз садои ҳуштаки ниҳоӣ тайландиҳо голи пирӯзиоварро ба самар расониданд”.

Гуфта мешавад, ки дар ин бозӣ Иқбол Воситзода ва Идрис Ёров аз ҳайати тими миллии Тоҷикистон гол задаанд.

Қобили зикр аст, ки дар марҳилаи гуруҳии Ҷоми Осиё-2022 шогирдони Пайрав Воҳидов бар Баҳрайн (4:3) ва Туркманистон (8:5) пирӯз шуда, аз тими Ӯзбекистон (2:3) шикаст хӯрда буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *