Мунтахаби Қирғизистон пешгоми Бозиҳои кӯчиҳо
Дар Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо мунтахаби Қирғизистон пешгом аст. То субҳи рӯзи 5 сентябр қирғизистониҳо 43 медал касб карда буданд, ки аз ин шумор 15 тило, 15 нуқра ва 13 медали биринҷӣ буд.
Дар мақоми дувум мунтахаби Русия бо 11 медали тило, 5 нуқра ва 8 биринҷӣ қарор дорад.
Тими Қазоқистон бо 9 медали тило, 9 нуқра ва 14 биринҷӣ ҷои 3-ро касб кардааст. Мунтахаби Туркманистон бо касби 14 медал дар ҷои 4 ва мутахаби Эрон бо 8 медал дар мақоми 5 қарор дорад.
III Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиҳо рӯзи 2 сентябр шуруъ шуда, то 8 сентябр идома мекунад. Наздики 3 ҳазор варзишкор аз 66 кишвари ҷаҳон дар ин бозиҳо ширкат мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ