Муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ аз ҷониби ноболиғон
Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини ноҳияи Сино бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) дастгир карда шуд.
Дар вақти кофтукови автомашинаи шахсиаш тамғаи «ВАЗ-21015», мувофиқи маълумотномаи Шуъбаи ташхисӣ-криминалистии РВКД дар шаҳри Душанбе 54000-дона маводи тарфгарии намудҳои гуногун дарёфт ва гирифта шуд. Дар рафти санҷиш муайян карда шуд, ки маводҳои мазкурро ду нафар мардони 28-сола бо маслиҳати пешакӣ аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе овардаанд.
Ҳамчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, писарбачаи 15-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир карда шуд.
Дар вақти кофтукови шахсӣ аз номбурда 1530-дона маводи тарфгарии тамғаи «С Новым годом» дарёфт ва гирифта шуд.
Ҳамин тариқ кормандони милитсия ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ноболиғ, писарбачаи 17-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуровро бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир намуданд.
Дар вақти кофтукови шахсӣ аз ноболиғи мазкур 4500-дона маводи тарфгарии тамғаи «Британик» ва «Новый век Х 201» дарёфт ва гирифта шуд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.
Бознашр аз сомонаи www.vkd.tj
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ