Муомилоти ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳо пешгирӣ карда шуд
Бино ба мълмоти ВКД, рӯзи 10-уми августи соли 2018, тахминан соати 17:00-дақиқа, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 45-солаи сокини ш.Душанбе ва марди 42-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, бо гумони муомилоти ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳо дастгир карда шуданд.
Дар вақти кофтукови шахсӣ аз онҳо мувофиқи маълумотномаи Нозироти давлатии иёргирии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 29-адад сангҳои қимматбаҳои “Ёқути сурх” (вазни умумиашон 214,28-грамм ва арзишашон 33 ҳазору 742-сомонӣ), 113-адад сангҳои қимматбаҳои “Зумруд” (вазни умумиашон 16,9-грамм ва арзишашон 2 ҳазору 196-сомонӣ) ва 81-адад сангҳои қимматбаҳои “Лаъл” (вазни умумиашон 84,51-грамм ва арзишашон 28 ҳазору 33-сомонӣ) дарёфт гардид.
Дар маҷмӯъ, вазни 223-адад сангҳои дар боло зикршуда 315,69-грамм буда, арзиши умумиашон 63 ҳазору 972-сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин, аз номбурдагон 9-адад сангҳои “Клиногумит”, 33-адад сангҳои “Турмалин” ва 5-адад сангҳои “Корунд”, дарёфт ва гирифта шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот давом дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ