Муовини нави раис корро аз аёдат сар кард
Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон, ки чанде қабл ба ин вазифа таъин шуда буд, корро аз аёдати собиқадрони меҳнат оғоз кард.
Ӯ дар ноҳияи Панҷ ба аёдати собиқадори меҳнат Зайтуна Қаландарова омад. З. Қаландарова аз ҷумлаи бонувони фаъоли ноҳия буда, солҳои зиёд дар мақомҳои гуногуни давлатию ҷамъиятӣ хизмат кардааст.
Вай зимни суҳбат бо Фирӯза Шарифӣ қайд кард, ки сиёсати ободгаронаи Пешвои миллатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, азм дорад, ки то 30-солагии Истиқлолият дар навсозии 6,5 км роҳи маҳаллӣ ва бунёди кӯдакистон саҳм бигирад.
Муовини раиси вилоят аз ин ташаббуси Зайтуна Қаландарова ситоиш кард. Ба қавли эшон Зайтуна Қаландарова, деҳқони асил, солҳои 70-80-ум сардори бригадаи пахтакорӣ дар ноҳияи Панҷ буд.
Ӯ каҳрамони яке аз очеркҳои рӯзноманигор Додоҷон Атовуллоев аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ