Суҳроб Самадзода

Муовини нави раиси Хуҷанд оид ба сохтмон ва меъморӣ. Суҳроб Самадзода кист?

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маросими муаррифии муовини нави раиси шаҳри Хуҷанд оид ба сохтмон ва меъморӣ баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва пешниҳоди раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода қарори хешро ба тасвиб расонд, ки тибқи он Суҳроб Самадзода ба вазифаи муовини раиси шаҳр — сарпарасти соҳаҳои сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ таъин гардид.

Ғолиб Шарифзода — мудири шуъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси вилояти Суғд зимни муаррифии кадри тозатаъин гуфт, ки Суҳроб Самадзода 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали хуҷандии Донишгоҳи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ хатм кардааст. Солҳои 2000-2001 устои қитъаи истеҳсолоти ҶДММ КММ-44-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, солҳои 2001-2003 дар вазифаи муҳандиси шуъбаи истеҳсолоти техникии ҶДММ КММ-44-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров буд. Солҳои 2004-2005 ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи директори ҶДММ КММ-44-и ноҳияи Ғафуров фаъолият намуда, солҳои 2005-2011 дар вазифаи директори ҶДММ «Замин»-и шаҳри Хуҷанд фаъолият намудааст. Солҳои 2011-2015 ҳамчун сармуҳандиси идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд адои вазифа намудааст. Солҳои 2015-2016 директори маъмурияти корхонаҳои сохташудаистодаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд буд.

Аз 22-юми июли соли 2016 то таъин шудан ба маснади муовини раиси шаҳр дар вазифаи сардори идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд фаъолият дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *