Муовини ректори ДДТТ бо 16000 $ пора ба даст афтод
Як мақоми баландпояи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро бо гумони гирифтани 16 ҳазор доллар аз як довталаб, боздошт шудааст. Дилшод Солеҳов, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳии тиббии Тоҷикистон ба он муттаҳам мешавад, ки гӯё ба як ҷавони тоҷик ваъда кардааст, ки ӯро ҳамчун шаҳрванди Ҳиндустон, ба ин донишгоҳ дохил мекунад.
Ин ҷавон, ки аз ӯ Х.Р ном бурда мешавад, моҳи августи соли равон аз имтиҳони дохилшавӣ тариқи Маркази миллии тестӣ намегузарад. Дилшод Солеҳов ба падари ӯ ваъда медиҳад, ки бо пардохти 16 ҳазор доллар, писарашро ҳамчун “донишҷӯи кишвари хориҷӣ” бидуни имтиҳон донишҷӯи Донишгоҳи тиббӣ месозад.
Як манбаи огоҳ аз тафтишот рӯзи 23-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Дилшод Солеҳов аввали моҳи сентябр боздошт шуд ва ҳоло бар асоси моддаи 319 қисми 4, бандҳои “в, г”, яъне “гирифтани пора дар ҳаҷми калон”, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ гуфт, ки Дилшод Солеҳов ба айби худ эътироф кардааст.
Аммо Шодӣ Сафаров, як тан аз пайвандони Солеҳов 23-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ӯро тӯҳмат кардаанд. Ӯ дар як сӯҳбати кӯтоҳи телефонӣ гуфт, ки “он падару писар ба Дилшод тӯҳмат задаанд”, вале тӯҳмат шудани ӯро шарҳ надод. Дилшод Солеҳови 45-сола аз соли 2015 муовинии ректори Донишгоҳи тиббӣ оид ба таълимро бар дӯш доштааст, ки аз нигоҳи сохторӣ, нафари дуввум маҳсуб мешавад.
Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуали ибни Сино аз маъруфтарин донишгоҳҳои кишвар маҳсуб мешавад. Дар ин донишгоҳ беш аз 6 ҳазор донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки дар миёни онҳо наздики 600 нафар донишҷӯёни хориҷӣ ҳастанд.
Дар пажӯҳишҳои солҳои ахир оид ба вазъи коррупсия дар Тоҷикистон, бахши маориф яке аз фасодзадатаринҳо ном бурда мешавад. Дар гузашта борҳо боздошти масъулин ва кормандони ин соҳа барои гирифтани пора, расонаӣ шуда буд.
Ҳафтаи гузашта Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти Ҳабибулло Салимов, декани факултаи омодагии дифои ҳарбии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии ба номи Саидмумин Раҳимов ба иттиҳоми «қаллобӣ», хабар дод. Ба иттилои манбаъ, ӯ барои дохил намудани як довталаб бо номи «А» ба гурӯҳи будҷавии Коллеҷи тарбияи ҷисмонӣ, аз хонаводаи ӯ 5 ҳазор сомонӣ талаб намудааст.
Бознашр аз Озодӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ