Муовини сардори Хадамоти иҷро аз вазифа озод шуд

 Холиқзода Абдуманон Ғаффор бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардид.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи муовини сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод гардидани Холиқзода имрӯз,26 ноябр имзо шуд.

Номбурда аз 18 апрели соли 2020 то ин муддат дар вазифаи муовини Сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт.

Холиқзода Абдуманон номзади илми ҳуқуқшиносӣ  ва дорои рутбаи мушовири давлатии адлияи дараҷаи 2 аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *