Муовини вазири молия аз вазифааш барканор шуд

Умед Латифов аз  мансаби муовини вазири молияи Тоҷикистон барканор шудааст.

Дар ин бора рӯзи 21 феврал қарори Ҳукумати Тоҷикистон содир шуд, вале сабаби барканории ӯ таъкид нагардидааст. Умед Латифов соли гузашта ба ин мақом таъин шуда буд.

Қаблан ӯ дар мақоми муовини раиси Бонки миллӣ ҳам кор кардааст. Латифов  40-сол дошта, Донишгоҳи Аризона ва Стэнфорд дар Амрикоро хатм кардааст.Дар ширкатҳои бунуфуз,  ба мисли «CНХ Capital» ва «Innovation Endeavors» фаъолият дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *