Муовини якуми Рустами Эмомалӣ аз вазифа барканор шуд
Маҳмадсаид Зувайдзода аз вазифаи муовини якуми раиси шаҳри Душанбе озод шуда, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон таъин шуд. Дар ин бора қарори Раиси Ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 18-уми ноябр ба тасвиб расид.
Ӯ дар ин вазифа Ҷамшед Аҳмадзодаро иваз кард. Номбурда дар ин вазифа ба синни нафақа расида буд. Дар мақоми Маҳмадсаид Зувайдзода Қурбонзода Амирхон Файзулло муовини якуми раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.
ЗУВАЙДЗОДА Маҳмадсаид Маҳмуд 2 марти соли 1969 дар Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.
Соли 1999 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва соли 2011 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимиро бо ихтисоси муҳандис-сохтмончӣ хатм намудааст. Солҳои 1987 – 1989 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат кардааст.
Соли 1990 ба ҳайси устои
Кооперативи сохтмонии «Монолит-2»-и шаҳри Душанбе фаъолияти худро оғоз намуда,
то соли 2006 дар вазифаҳои муҳандис оид ба таъминот, саркори минтақаи сохтмонӣ,
сармуҳандиси Раёсати сохтмонии «Монолит-2» ҶСК «Монолитстрой»-и шаҳри Душанбе,
сардори Раёсати сохтмонии «Монолит-2» ҶСК «Монолитстрой»-и шаҳри Душанбе кор
кардааст.
Солҳои 2006-2009 Директори генералии Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи
«Сомон-Тоҷиксохтмон» ва солҳои 2009-2013 Директори генералии Иттиҳодияи
истеҳсолии «Тоҷиксемент» буд.
Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2013 Директори Дирексия оид ба сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, то 12 январи соли 2017 дар ин вазифа фаъолият намуд.
12 январи соли 2017 муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе таъин гардида буд. Бо ордени «Шараф» дараҷаи I сарфароз гардонида шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ