Муовинони Маҳмадсаид Зувайдзода таъин шуданд

Улуғбек Умарзода, муовини якуми раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон таъин гардид. Дар ин бора имрӯз, 1-уми феврал қарори Президенти  Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба тасвиб расид.

Улуғбек Умарзода то ин замон ба сифати директори КВД «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии “Сохтмон ва меъморӣ»-и кумитаи мазкур фаъолият дошт.

Инчунин, тибқи қарори Президент, Нусратулло Файзуллозода аз вазифаи сардори Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод гардида бо қарори дигар муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Абдураҳмон Каримзода  муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Шаҳноз Раҳматуллозода аз вазифаи муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуд.  Аммо сабаби аз вазифа сабукдӯш кардани  Раҳматуллозода гуфта нашудааст.

Ҳоло дар вазифаи раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Тоҷикистон Маҳмадсаид Зувайдзода фаъолият дорад. Ӯ ба ин мақом 18-уми ноябри соли 2020 дар асоси қарори Раиси Ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъин шудааст.  Зувайдзода дар ин вазифа  Ҷамшед Аҳмадзодаро биноар ба синни нафақа расидан иваз кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *