Муовинони президенти АМИТ иваз шуданд

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Бо қарори маҷлиси умумии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чаҳор ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иваз шуданд.

Ҳамин тариқ, дар асоси қарори маҷлиси умуми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 14 –уми майи соли равон Амонзода Илҳом Темур – доктори илмҳои техникӣ иҷрокунандаи вазифаи ноиби президенти АМИТ – раиси шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникаи АМИТ, Мирзораҳимзода Акобир – доктори илмҳои биологӣ иҷрокунандаи вазифаи ноиби президенти АМИТ – раиси шуъбаи биологии АМИТ, Саломиён Муҳаммаддовуд – доктори илмҳои филологӣ иҷрокунандаи вазифаи ноиби президенти АМИТ – раиси шуъбаи имҳои ҷамъиятшиносии АМИТ, Ибодзода Саидмуқим Тиллохӯҷа – доктори илмҳои тиббӣ ва фарматсевтӣ иҷрокунандаи вазифаи ноиби президенти АМИТ – раиси шуъбаи илмҳои тиббӣ ва фарматсевтии АМИТ таъйин гардиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *