Мурғоб нақшаи гусели наваскаронро буд кард
Маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон то ба имрӯз 36 фоиз иҷро шудааст.
Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода хабар дод, нақшаи даъват дар ВМКБ — 49%, вилояти Суғд — 38%, Хатлон — 32%, ноҳияҳои тобеи марказ — 34% ва шаҳри Душанбе — 33% ба иҷро расидааст.
«Давоми нуҳ рӯз нақшаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ ва ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон пурра ба иҷро расида, интизорӣ меравад, ки имрӯз ноҳияи Дарвоз низ аз иҷрои нақша мужда медиҳад», — гуфт Маҳмадалиев.
Маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ 1-уми апрел оғоз гардида, то 31-уми май идома меёбад. Ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ шаҳрвандони синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои мавқуф гузоштани хизмат ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.
Гусели наваскарон дар ДушанбеМебояд гуфт, ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват карда мешаванд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз се навъи ҷузъу том – Қушӯнҳои зудамал, хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат аст.
Бознашр аз «Азия-Плюс»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ