Мурғобиро барои паррондани “Марко Поло” боздошт карданд
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини 33-солаи ноҳияи Мурғоб бо иттиҳоми шикори ғайриқонунии ҳайвонҳои нодир хабар медиҳад.
Бино ба иттилои ин ниҳод, кормандони милиса ҳангоми кофтуков аз гумонбаршуда 6 кило гушти гусфанди куҳӣ дарёфт кардаанд: “Мувофиқи маълумотномаи шӯъбаи ҳифзи муҳити зист гушти мусодирашуда ба гушти гӯсфанди кӯҳии “Марко-Поло” мансуб буда, зарари расонидашуда 160 ҳазор сомониро ташкил медиҳад”.
Манбаъ мегӯяд, нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Архар ё «Марко Поло» асосан дар минтақаи Мурғоб, Ишкошим ва Шуғнони Тоҷикистон мавҷуд аст. Ба иттилои Кумитаи ҳифзи муҳити зист теъдоди ин ҳайвон дар кишвар ҳудуди 24 ҳазор сар буда, он ба Китоби сурх ворид шудааст. Арзиши қонунии шикори як гусфанди “Марко Поло” 45 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ