Мурғҳои Туркманистон ҳалок шуда истодаанд
Бино бар иттилои расида аз вилояти Дашоғузи Туркманистон, мурғҳои ин минтақа аз вируси номаълуме ҳалок мешаванд.
«Гӯшти мурғҳои аз ин вирус ҳалокшуда сиёҳ мегардад. Ҳамин ки як мурғ ҳалок шуд ҳатман тамоми мурғҳои деҳа сироят ёфта, ҳалок мешаванд», — хабар доданд сокинони вилояти Дашоғуз.
Ба ҷуз ин, сокинони минтақа аз мавридҳои пайдо шудани бемории сиёҳзахм ё «сибирская язва» хабар медиҳанд. Вале мақомот дар ин маврид ҳанӯз вокуниш накардаанд.
Давоми ду соли охир борҳо аз мавридҳои фавти ҳайвонҳои хонагӣ ва мурғҳо дар Туркманистон аз вируси номаълум хабар расидааст. Моҳи декабр дар вилояти Дашоғуз даҳҳо сар ҳайвони хонагӣ аз уфунати ношинохта ҳалок шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ