Мурғу хӯрус — тухм ва гӯшти онҳо чӣ манфиат дорад?

Соли нави 2017 бо солшумории мурғ дари хонаҳои моро мекӯбад. Аз фурсати муносиб истифода бурда, барои шумо хонандагони азиз дар  бораи  манфиатҳои гӯшт ва тухми мурғ  маълумоти мухтасар диҳем. Тибқи  маълумоти ба дастомада тухм  ҳаҷмкалон ва ҳамон рӯз мокиёнаш зоида бошад, беҳтарин тухм маҳсуб меёбад.

Бояд қайд намоем, ки дар фасли тобистон тухм  тез вайрон мешавад. Барои нигоҳ доштани он аз намак истифода бурдан манфиатбахш аст, яъне онро дар намак   гузоред ва аз вайроншавӣ нигоҳ доред.

Зардии тухми нимбирён ё нимпухта дил, майна ва баданро қувват бахшида, назлаҳои гармро манъ мекунад, қуввати мардиро зиёд намуда, хунпартоӣ, мушкилиҳои рӯда, захмҳои пешобдон ва меъдаро манфиат  мебахшад.  Зардии тухм барои ҳамаи мизоҷҳои инсон мувофиқ ва форам мебошад. Хӯрдани тухми нимпухта фоидаи бештар дорад.

Зардии хоми тухм захри   газидагии морро дур мекунад. Овозро бурро, сӯзиши хичакро баробар мекунад. Дониста бошед, ки бисёр хӯрдани зардии тухми мурғ ба меъда зарар дорад. Сафедии нимпухтаи тухмро ба кӯдакони ширмак ба ҷои шир бидиҳанд, муфид мебошад. Тухми сахтпухташуда дар одамоне, ки намнокиашон зиёд аст, суст ҳазм мешавад ва қабзият ба вуҷуд меояд.

Тухми нимпухтаро бо зағири куфташуда омехата карда хӯранд, барои иллати диққи нафас нафъ дорад.

Тухми хоми мурғро бо равғани гули сурх ва кӯфтаи бобуна даромехта гузошта банданд, варамҳои чашм, тухмдонҳои мардона ва маъқадро   дур мекунад.

Гӯшти мурғро бо шир, ҷурғот, чакка, панир, дӯғ ва дигар маҳсулоти ширӣ хӯранд, бемории қабзиятро ба вуҷуд меорад ва агар онро бардавом хӯранд, ба иллати ниқрис (подагра) ва инчунин ба бавосир гирифтор менамояд. Дар ин маврид давоҳои гарммизоҷ, шароб, оби ангури ҷӯшонидаро бихӯранд, ислоҳи зарар менамояд. Агар ба одамони гарммизоҷ ин ҳодиса рӯй диҳад, сиканҷабин (сиркоасал) биёшоманд, кифоя аст.

Панир

Панир маҳсулотест, ки дар ороиши дастурхон ва болаззат кардани хӯришҳои идона, аз ҷумла Соли нав нақши муҳим дорад. Бояд қайд намуд, ки  хӯрдани панир меъда, рӯдаҳо ва гурдаҳоро қувват мебахшад. Агар гурда қавӣ бошад, дар он санг пайдо намешавад.  Медонем, ки панир дерҳазм мебошад, вале он дарунро мулоим месозад, моддаҳои солим пайдо мекунад ва баъд аз ҳазм ёфтан зуд ба узвҳои бадан мегузарад. Панирро бо мағзи чормағз ва гиёҳи кокутӣ даромехта бихӯранд, баданро фарбеҳ ва пӯстро мулоим мекунад.

Панирро тунук бурида, ба чашм гузошта банданд, нуқтаҳои сурхаки хунини дар чашм афтода ва дарди онро шифо мебахшад. Чун панирро дар об ҷӯшонида, он обро зани ширмак нӯшад, шираш зиёд мешавад ва агар касони дигар бинӯшанд, намегузорад, ки реш ва захмҳои рӯдаҳо варам кунанд.

Панир ба одамони сардмизоҷ зарар мекунад, иштиҳои онҳоро мебандад. Ҳазм нашудани панир дар бадан бемории қабзият,  варам ва дарди рӯдаҳои борик, торикии чашмро ба вуҷуд меорад.

Ҳолатҳое мешавад, ки панир берун аз яхдон мемонад ва он барои организм зараровар мебошад. Агар панир бисёр кӯҳнашуда бошад, хӯрданаш  баданро заҳролуд месозад.  Рафъкунандаи зарари панир меваҳои обдор ва туршиҳо мебошад.  Панири ғайричакида,  паниреро мегӯянд, ки  аз обаш ҷудо накарда бошад, хӯранд, хоб меорад, ба бемориҳои  сил, таби  меъда даво бахшида, хушкӣ ва шахшӯлии пӯсти баданро аз байн мебарад.

Хурӯсдавонӣ фоида дорад

Дар  солшумории мелодӣ соли мурғ омада бошад ҳам, аксарияти одамон соли Хурӯс мегӯянд ва мо кӯшиш кардем, ки манфиатноки гӯшти хурӯсро пешниҳоди шумо менамоем.

Гӯшти хурӯси солхӯрдаро бо нахӯду лӯбиё пухта хӯред, хазмшавиро осон,  дарунро мулоим мекунад, иллати қабзиятро дур,  варам ва дарди рӯдаҳоро  шифо мебахшад.

Хурӯси пирро бисёр давонида, баъд  кушта, узвҳои даруни шикамашро тоза  намуда, намак карда, аз шибит пур намуда, бо оби бисёр ҷӯшонанд, то он ки обаш ба миқдори даркорӣ монад. Ин маводи тайёршударо шабона дар зери осмон гузошта,  субҳидам  онро истеъмол намудан барои  табҳо, дарди шуш, ки кӯҳна шуда бошад,  ларзак, дарди буғумҳо, қабзият даво мебошад ва заҳрҳои хӯрдашударо дур  мекунад.

Гӯшти хурӯси ҷавон бошад,  маниро зиёда ва соф мекунад, ранги рухсор ва овозро равшантар  месозад. Ҷигари мурғ серғизост, аз ин рӯ, дерҳазм низ мебошад ва барои фарбеҳ шудани бадан мусоидат мекунад. Мизоҷи мағзи сараш дар гармӣ мӯътадил ва рутубати часпак дорад. Инро хом бо шароб бихӯранд, заҳри ҷонварон, хун қай кардан ва хуни биниро, ки аз пардаҳои майна меояд, дур  мекунад.

Хӯрдани равғани хурӯси ҷавон сахтиҳои баданро мулоим месозад. Молидани он  ба сар манфиатҳои зиёд дорад. Масалан, молихулиё (меланхолия), ширинча, кафидагӣ ва барои ҳамаи бемориҳои аз хушкӣ ба амаломадаро шифо мебахшад.

Санге, ки дар даруни мурғ пайдо мешавад, хеле шифобахш буда, онро кӯфта хӯред, сангҳои гурда ва пешобдонро майда карда мерезонад. Саргини мурғ тунд ва поккунанда аст. Тари онро барои  доғи сафеди пӯст, пес, ва дигар  доғҳои пӯстро маслиҳат медиҳанд. Саргини хурӯс, хусусан саргини мурғеро, ки бо ғизоҳои сара парвариш карда бошанд, бо сирко хамир карда, ба ҷои газидагии саги девона банданд, манфиат мебахшад ва таъсири зиёдтар дорад.

Моҳӣ

“Моҳӣ хӯрдан гуноҳи касро мерезонад”, мегӯянд.  Ин андеша пояи ҳақиқӣ надошта бошад ҳам, вале аз нигоҳи тиб хеле андешаи дастгирикунанда аст. Чунки хӯрдани гӯшти моҳӣ ба организм хеле муфид мебошад.  Беҳтарин навъи моҳӣ  ҳамонест, ки   дар наҳрҳои обаш ширин буда, сангистон ва обаш аз ҷоҳои дур ва башиддат ҷорӣшаванда  зиндагӣ мекунад.

Дар ҷои аввал навъи  ширмоҳӣ, ки дар баъзе минтақаҳо гулмоҳӣ мегӯянд, мебошад. Дар ҷойи  дуюм моҳиёне, ки дар баҳрҳо ва дигар обҳои шӯр наздики соҳили сангдор зиндагӣ мекунанд,  мебошанд.

Аз як рӯз ва зиёда аз он гузашта бошад, бинобар нозукии таркибаш гӯшти он вайрон мешавад. Вале намак кунед, онро аз ин ҳолат нигоҳ медорад.  Гӯшти моҳие, ки дар оташ кабоб карда  шудааст, беҳтар аз он ки дар равған бирён карда бошанд, мебошад.

Моҳишӯрборо  барои заҳрҳои хӯрдашуда ва аз неш дар бадан ворид гашта давои хуб мебошад. Хӯрдани шӯрбои моҳидор бо мудовамат рафъкунандаи  заҳрҳои мори шохдор ва саги девона мебошад.

Хӯрдани моҳӣ ба одамони хунукмизоҷ ва тармизоҷ  зарар дорад. Барои он ки зарар наорад, бо равғани гов, равғани кунҷид ё бо равғани бодом пухта бихӯранд, безарар мегардад. Тармизоҷонро бошад, хӯрдани он ташна мекунад.

Баъд аз хӯрдани моҳӣ нӯшидани бои хунук  зарарнок буда, боиси пайдо шудани бемориҳои давомнок мегардад. Ҳамчунин онро  бо шир, тухми мурғ,  гӯшти ҳайвоноти даштӣ хӯрдан хеле зиёновар мебошад.

Моҳии намакин, ки он  понздаҳ рӯз ё зиёда аз он гузашта шуда бошад, мизоҷаш ба гармӣ ва хушкӣ  табдил меёбад ва он  балғамро канда, иштиҳоро  пайдо мекунад.

Моҳии шӯрро, ки дар сирко парварда бошанд, яъне як шабонарӯз дар он тар карда бошанд, мизоҷаш сард ва хушк аст, хушккунандаи рутубатҳо ва дерҳазм, дар бадан қувватҳои дар худ нигоҳдорандагиро зиёда мегардонад, ба меъда рехта шудани моддаи сафровиро манъ мекунад, вале хориш ва қӯтур пайдо мекунад, бар пӯсти бадан доначаҳои савдовиро медамонад.

Тухми моҳӣ

Хӯрдани тухми моҳӣ барои қавӣ гардонидани қувваи мардӣ таъсири мусбат расонида, барои сурфа, исҳол, ки аз гармӣ бошанд, дору беҳтарин   мебошад.  Заҳраи моҳӣ, ҳусусан моҳии шаббут (моҳии карп) дар мизоҷ гарм ва хушк аст. Инро ба чашм бикашанд, гули чашмро дафъ мекунад.

Агар сари моҳии шӯрро сӯхта, гузошта банданд, варами мақъадро таҳлил медиҳад ва кафидани онро ба ҳам меоварад, инчунин газидани каждум ва саги девонаро шифо бахшида,  агар инро бо равғанҳо ва луобҳо хамир карда дар гулӯ  банданд,  варами зиёди  забончаи ҳалкро таҳлил медиҳад.

Устухони сӯхтаи моҳиро бо сирко сиришта бимоланд, барои бемории  пес фоида дорад. Чун моҳиро бо намакоби гарм бишӯянд, неку мебошад ва ба он коҳгил бимоланду муддате ҳамон тавр бигузоранд, баъд хуб бишӯянд, бӯйи моҳиёнаи он нест мегардад. Агар моҳиро бо нону орд бихӯранд, зуд ҳазм мегардад ва агар бо орд ва нон бихӯранд, бадҳазм мешавад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *