Мураббии беҳтарини сол дар Душанбе муайян шуд

Дар шаҳри Душанбе озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2024» ҷамъбаст гардид. Дар ин озмун мураббии муассисаи таҳсилоти томактабии №112-и ноҳияи Сино Фирӯза Ғаюрова сазовори ҷойи якум шуд.

Тавре аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ба Pressa.tj иттилоъ доданд, барои муайян намудани ғолиби озмуни ҷумҳуриявӣ фаъолияти педагогӣ, дониш ва маҳорати касбии мураббӣ, машғулияти таълимӣ, тасвир намудан ва сохтани манзара бо дархости ҳайати доварон ва таҳлили ҳолатҳои равонӣ ба назар гирифта шуд.

«Барои ҳар довталаб зимни гузаронидани машғулият ва кор бо кӯдакон вобаста ба гурӯҳҳои синнусолӣ аз 30 то 35 дақиқа вақт пешбинӣ гардид»,-иттилоъ дод манбаъ.

Гуфта мешавад, ки озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон» ҳар сол бо мақсади баланд бардоштани мақоми таҳсили томактабӣ дар шароити кунунӣ ва нишон додани афзалияти таҳсили томактабӣ дар пешрафти ҷомеа, дарёфт ва ошкор сохтани мураббиёни боистеъдод, навовар ва эҷодкор, қадрдонии меҳнати онҳо ва баланд бардоштани мақому манзалат дар ҷомеа, рушди фаъолияти касбии кормандони соҳаи маориф, тарғиб намудани таҷрибаи пешқадами мураббиёни беҳтарини Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *