Мураббияро барои латукӯби кӯдакон аз кор ронданд

Дар Ӯзбекистон мураббии боғчаи «Наврӯз»-и шаҳри Ҷиззах Моҳира Мамадқуловаи 37-соларо баъди нашри видеои латукӯб шудани кӯдакон аз тарафи ӯ дар Интернет, аз кор ихроҷ карданд.

Дар пайи нашри навор Вазорати таҳсилоти томактабии Ӯзбекистон бо ташкили як гуруҳи махсус муайян карда, ки ин ҳодиса 27 март, дар арафаи сафари президент Шавкат Мирзиёев ба Ҷиззах рух дода, онро донишҷӯи соли аввали Донишкадаи омӯзгории Ҷиззах ва таҷрибаомӯз Ш.К. сабт ва дар Интернет нашр кардааст.

Ба огаҳии вазорат, Мамадқулова хатмкардаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Ҷиззах ва дорои маълумоти олӣ буда, аз соли 2007 дар боғчаи «Наврӯз» кор мекард.

«Дар рафти санҷиш муайян шуда, ки Мамадқулова он рӯз ба далели як мушкили хонаводагӣ асабонӣ буда, дар натиҷа кӯдаконро латукӯб кардааст», — навиштанд расонаҳо.

Дар робита ба ин ҳодиса парванда боз шуда, ба додситонии Ҷиззах ирсол шудааст. Маъмурияти боғча қарордоди кориро бо Мамадқулова бекор кардааст. Баъд аз ин ҳодиса се мураббии дигари боғчаи «Наврӯз» низ аз кор ихроҷ шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *