Мурда баъди гӯронидан зинда шуд

Якчанд сол муқаддам дар Муъминобод воқеаи нодире рух дод. Ба деҳа мурдаи аскарбачаеро оварда буданд, ки дар ҳодисаи сӯхторе батамом сӯхта, ӯро шинохта намешуд. Хонавода писари ягонаашонро гӯронида, оши сею чилу солашро доданд. Як сол пас фарзанди аслии хонадон аз госпитали ҳарбӣ сиҳату саломат, бо ҷароҳиҳои пластикӣ назди волидонаш омад.

Айнан ин гуна воқеаи мудҳиш ба қарибӣ боз ба сари сокини ноҳияи Муъминобод Шехбой Раҳмонализода омад. Ў пас аз хатми мактаби миёна ба шаҳри Иваново рафта, дар донишгоҳи он ҷо таҳсил карда, соҳиби касби муҳандисӣ гашт. Дар ширкати калоне дар шаҳри Москва ба кор даромад. Ба хона — Тоҷикистон омада, тӯй карду ҳамсараш Саидаро ба Москва бурд. Соҳиби ду фарзанд шуд.

Фоҷиа рўзи 27-уми июни соли равон рух дод. Шехбой бо ду ҳамкораш сари роҳ дар паси мошини мусофирбари «Мерседес Бенс» қарор доштанд. Соат 24. Яке аз ҳамкоронаш ҷавоне аз Кўлобшаҳр ва дигараш ҷавонмарди руси таҳҷоӣ буданд. Аз самти муқобил «Фура»-и бордор бо суръати баланд меомад. Ронанда ё маст ё хобаш бурда буд, ки бо «Фура»-аш «Мерседес»-ро бо он сенафара зер карда гузашта рафт. Он бачаи кўлобӣ ва ҷавони рус ҷароҳатбор дар ҷои воқеа ба ҳалокат расиданд. Шехбой ҳам сахт маҷруҳ, дар хоку хун оғушта шуда буд. Онҳоро ба беморхонаи наздиктарин бурданд. Пас аз муоина чӣ хеле мешавад, ки ҳамшираи шафқат ҷароҳатҳои вазнини дунафараи тоҷикро дида, гумон дошт, ки инҳояш низ мефавтанд. Ва навиштаҷоти ному насаби онҳоро баръакс дар поёни катҳояшон овехт. Ду рўз пас ному насаби ҳамкори Шехбой «Шехбой Раҳмонализода» шуда буд. Шехбой бошад, дар ҳолати кома қарор дошт. Модараш Саъбагул пеш аз ин фалокат назди писараш омад. Вақте ҷасади «Шехбой»-ро ба морг бурданд, модари зор ба шавҳараш занг зад. Пагоҳаш Сайфулло рафт. Ба қавле маитро ба ҳавлии бобоӣ оварданд. Рўзи 7-уми июл ҷанозаашро хонданд. Маитро дар оромгоҳи Хоҷаақиқ ба мадфан гузоштанд. Ҳар боре Саъбагули модар ва Саидаи ҳамсар назди маит медаромаданд, онҳо мегуфтанд, ки ин Шехбой нест. Вале Сайфуллою дигар домуллоҳо мегуфтанд, ки дар байни ин 1 моҳ чӣ хел мурдае набошад, тағйир меёбад. Ҳарчанд ин маит каммӯй ва Шехбой сермӯйтар буд.

Ду ҳафта ногузашта аз Москва хабар омад: Шехбой зинда, дар утоқи фаврии беморхона аст. Он мурдае, ки «Шехбой» гуфта, ба Муъминобод бурдаанд, ҷавони кўлобӣ будааст. Шехбойро табибон табобат доранд. Зуд падару модар ба он ҷо парида рафтанд. Ўро диданду зиёрат карданд. Як моҳ паси дигар ўро ба зодгоҳаш меоранд. Шахсиятҳои солор ба волидани ҷавони фавтида вазъро фаҳмониданд. Онҳо ба оромгоҳ омада, мадфани ҷигарбандашонро ба дидаҳо молиданд. Азбаски макони дафни фарзандашон яке аз ҷойҳои хушманзараи диёри Муъминобод буд, розигӣ доданд, ки фарзандашон дар оғӯши хоки ин диёр абадӣ маскан гирад.

Нурулло ҲАСАНОВ, рўзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *