Мурда дар тобут зинда шуд
Чанд рӯз қабл як зани 88-солаи бразилиягӣ бо исми Мария дас Дорес расман фавтида эълон гашта буд. Майитро барои дафн омода мекарданд, вале аснои ба хок супоридан баногаҳ мурда ба ҷунбидан даромад. Занро аз даруни тобут бароварда, фавран ба беморхона интиқол доданд. Айни замон тибқи гуфтаи табибон Мария Дорес рӯ ба шифоёбӣ дорад. Кормандони пулис аз пайи тафтиши онанд, ки чаро табибон мурда ё зинда будани занро муайян карда натавонистаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ