Мурдаборони садамаҳо

Маркази матбуоти раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд бо такя ба маълумоти милитсияи шаҳри Панҷакент дар бораи як садамаи маргбори ғайриоддӣ дар ин шаҳр хабар дод.

Тибқи иттилоъи ин манбаъ, шом 22 апрел, тахминан соати 19:00 ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» Аҳмадов Облоқул, соли таваллудаш 1955, сокини шаҳри Панҷакент ҳангоми ҳаракат дар хиёбони Рӯдакии шаҳр бехатарии роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Хӯҷиева Хиромон Яздонқуловнаро бо кӯдаки хурдсолаш пахш кардааст.Дар натиҷаи садама пиёдагард бо кӯдакаш ҷароҳат бардошта, дар беморхонаи марказии ш. Панҷакент бистарӣ карда шудаанд.Аммо худи Аҳмадов Облоқул, ки қаблан ҳам сактаи қалбро аз сар гузаронда буд, вақти рух додани ҳодиса беморияш хуруҷ кардааст ва ҳангоми фаромадан аз автомашина аз тарсу ваҳми зиёд дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.Бино ба иттилои мақомот, тайи се рӯзи охир дар чор садама дар гӯшаҳои гуногуни Тоҷикистон дастикам 7 нафар ба ҳалокат расидаанд.Аз ҷумла 20-уми апрели соли 2018, тахминан соати 16:25-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Рейнҷровер”, Қалуғшоев Қудбуддин Сафарович, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Фархор, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Гулшан ба самти ҷамоати деҳоти Золи-Зар, дар минтақаи шоҳроҳи мошингард аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда, Ёров Амиршо Зайдуллоевич, соли таваллудаш 1962, сокини деҳаи Дарқади ноҳияи Фархор, бархӯрдааст.Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра” Ёров А.З. ва мусофиронаш: Шарифова Ҷамила Абдусаломовна, соли таваллудаш 1983, Мамедов Олимҷон Обидҷонович, соли таваллудаш 1990, Мусоева Назирамо Одинашоевна, соли таваллудаш 1959 ва хурдсол Акобирова Мадина Баҳодуровна, соли таваллудаш 2011, сокинони шаҳраки Фархор, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳия бистарӣ гардидаанд.
Дар беморхона ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра”, Ёров А.З. ва шаҳрвандон: Шарифова Ҷ.А., Мусоева Н.О. ба ҳалокат расидаанд.
Ҳамчунин, 21-уми апрели соли 2018, тахминан соати 09:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра”, Маъмуров Абдулло Бахтиёрович, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Деваштич, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди «Истаравшан-Ғончӣ”, дар ҳудуди ноҳияи Деваштич аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда, Ҳусейнзода Фаридун, соли таваллудаш 1995, сокини деҳаи Газантараки ноҳияи мазкур, бархӯрдааст. Дар натиҷа, мусофири автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра” Одилова Бинисо Қобиловна, соли таваллудаш 1969, сокини деҳаи Далёни-поён, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.Мусофирони дигари автомашинаи мазкур шаҳрвандон: Султонов Набиҷон Бурҳонович, соли таваллудаш 1965, сокини шаҳри Истаравшан ва Абдуллоева Турсуной Шукруллоевна, соли таваллудаш 1957, сокини деҳаи Зарнисори ноҳияи Деваштич, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ҳамин тавр, 20-уми апрели соли 2018, тахминан соати 19:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Дулан”, Сангов Комилҷон Комилшоевич, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Левакант, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хоруғ”, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Н.Маҳмудови ноҳияи Ш.Шоҳин бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, автомашинаро чаппа кардааст. Дар натиҷа, мусофири автомашинаи мазкур шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Раҳматзода Азизулло, соли таваллудаш 1972, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Худи ронанда, Сангов К.К. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *