Мурдаи бесоҳиби муҳоҷир маълум гашт

Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфт, марде, ки ҷасадаш рӯзи 8 январ дар ҳудуди як ҷамъияти боғдории шаҳри Красноармейски вилояти Маскав ёфт шуд, зодаи шаҳри Панҷакент Абдуллоев Орзиқул Маҷидович, санаи таваллудаш 15.01.1976 мебошад. Пулис мегӯяд, дар бадани ин муҳоҷири тоҷик ягон осори марги маҷбурӣ мушоҳида нашудааст.

Намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия рӯзи 10 январ ба сомонаи «Ахбор” хабар дод, ки намояндагони сафорат ва Намояндагии вазорати меҳнат, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав рӯзи 10 январ бо мақсади таҳқиқи хабари марги як муҳоҷири тоҷик ба шаҳри Красноармейски вилояти Маскав рафтаанд.

Намояндаи сафорат гуфт: «Маълум шуд, ки дар ҳақиқат дар ин ҷо ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон Абдуллоев Орзиқул Маҷидович, санаи таваллудаш 15 январи соли 1976, зодаи шаҳри Панҷакентро пайдо кардаанд. Мақомоти пулис ба намояндагони мо гуфтанд, ки ҳоло ҷасади муҳоҷири тоҷик дар дасти ташхис қарор дорад, то сабабҳои марги ӯ маълум карда шаванд. Ба гуфтаи мақомоти пулис, дар бадани ин муҳоҷири тоҷик ягон осори зарбу лат ё дигар аломатҳои марги маҷбурӣ мушоҳида нашудааст.”

Намояндаи сафорати Тоҷикистон афзуд, ки онҳо бо мақомоти корҳои дохилии шаҳри Панҷакент тамос гирифтаанд, то хешовандони Орзиқул Абдуллоевро пайдо кунанд. Ҷасади Абдуллоев Орзиқул дар маслиҳат бо хешовандонаш баъди анҷоми ташхиси пулис ба Тоҷикистон фиристода хоҳад шуд.

Шабакаи телевизионии «Диалог»-и шаҳри Красноармейски вилояти Маскав рӯзи 9 январ хабар дод, ки соати тақрибани дуи рӯзи 8 январ дар ҳудуди ҷамъияти боғдории «Русаль-2” ҷасади як шаҳрванди Тоҷикистонро дар рӯи роҳ пайдо кардаанд. Пулис мегӯяд, ки ҷасад бидуни либоси рӯ буд ва дар пойҳояш пойафзол ҳам надошт. Мақомоти пулиси Пушкино гуфтаанд, ки дар бадани шаҳрванди тоҷик аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо накардаанд. Танҳо маълум шудааст, ки ӯ шаҳрванди Тоҷикистон ва соли таваллудаш 1973 будааст.

Кумитаи тафтишоти вилояти Маскав сабабҳои марги ин муҳоҷири тоҷикро тафтиш мекунад.

Ҳар сол дар Русия беш аз 1000 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба иллатҳои мухталиф вафот мекунанд. Яъне ба ҳисоби миёна ҳар рӯз дар ин мулки мусофирӣ то се муҳоҷири тоҷик ба зиндагӣ падруд мегӯянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *