Мурдаро депутат интихоб карданд

 Бино ба гузориши шабакаи телевизионии NDTV, дар шарқи Ҳиндустон сокинони деҳаи Биҳор ба тарафдории номзади фавтида овоз доданд, то васияти охиринашро иҷро кунад.

Дар бораи марги номзад ба депутатии Совети маҳаллӣ вақте маълум шуд, ки ба ғолиби интихобот шаҳодатномаи депутатӣ супурданианд.

Пас аз тамос бо наздиконаш мақомот маълум карданд, ки ин мард ду ҳафта пеш ҷон додааст. Дар ҳамин ҳол, комиссияи интихоботӣ тасмим гирифт, ки ба хотири иҷрои васияти охирини марҳум – интихоб шудан ба Шӯрои қонунгузор дар ин бора хабар надиҳад, менависад «Газета.ру». «Ягон сокини деҳа низ ба мо чизе нагуфтааст.

Аён аст, ки онҳо ба тарафдории ӯ овоз доданд, ки поси хотира ва эҳтироми худро баён кунад», — гуфт намояндаи мақомот. Аъзоёни комиссияи интихоботӣ масъалаи беэътибор донистани натиҷаҳои интихоботро баррасӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *