Муроҷиат ҳамчун тӯҳфа: ба муштариёни суғдӣ барои фаъолнокӣ арзи сипос карданд
“Хеле хуб аст, ки муштариёни зиёд ба ширкат муроҷиаткунандаро ба ҳам оварда, доир ба тарзи фаъолияти алоқаи мобилӣ ва хадамоти мизоҷон маълумот доданд. Барои мо гирифтани маълумот доир ба он, ки ширкат шабакаро дар минтақаи мо пайваста инкишоф медиҳад ва, мутаносибан, суръати интернет ҳам баландтар хоҳад шуд, хеле муҳим буд”, — мегӯяд сокини Хуҷанд Сӯҳроб.
Сӯҳроб аз зумраи муштариёни фаъоли суғдист, ки ба вохӯрӣ бо роҳбарони ширкати “МегаФон Тоҷикистон” даъват карда шуд. Яке аз вохӯриҳо дар маркази маъмурии вилояти Суғд, вохӯрии дуюм бошад, дар Панҷакент доир гардид. Ба меҳмонони оператор тарзу воситаҳои хизматрасонӣ ба муштариён баён карда шуда, инчунин доир ба он, ки баъди аз ҷониби соҳиби телефон гирифта шудани рақам чӣ ба амал меояд ва кадом лоиҳаҳои техникии соли 2024 дар минтақа ба дастрастар гардидани телеком-хизматрасониҳо мусоидат хоҳанд кард, маълумот дода шуд.
“Ман доир ба тарзи фаъолияти воситаҳои рақамӣ тасаввуроте надоштам, лекин имрӯз бисёр маълумоти нав гирифтам. Маълумот дар бораи хизматрасониҳои молиявӣ-техникӣ хеле писанд омад, акнун маблағи ХМК-ро аз хона пардохт карда, дигар ба бонк намеравам”, — изҳор дошт иштирокчии вохӯрӣ Наргис.
Роҳбарони ширкат махсусан муштариёнро барои маълумот дар бораи маконҳое, ки дар онҳо алоқа бояд беҳтар карда шавад, арзи сипос карданд. Ҳар як муроҷиат аз ҷониби кормандони департаменти техникӣ ҳангоми тартибдиҳии нақшаи гузаронидани санҷишҳо ва корҳои техникӣ ба назар гирифта мешавад. Ба шарофати робита бо муштарниён минтақаҳои проблемавӣ зудтар ошкор шуда, мушкилӣ дар онҳо зудтар бартараф карда мешавад.
“Дар шаҳри мо ҳама дар бораи алоқаи “МегаФон Тоҷикистон” назари хуб доранд, лекин мо гоҳ-гоҳ ба ширкат барои ҳалли масъалаҳоямон муроҷиат мекунем. Интизор набудам, ки маро ба вохӯрӣ даъват карда, миннатдорӣ баён мекунанд ва ҳатто тӯҳфа тақдим менамоянд. Раҳмат ба оператор!” – мегӯяд сокини Панҷакент Раҳим.
“Вохӯриҳо бо сокинони Суғд – барои гӯш кардани фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои онҳо имконияти беҳтарин аст. Маҳз бо ҳамин роҳ мо бо якдигар наздиктар мешавем. Якҷоя мо метавонем ба чунин натиҷае ноил шавем, ки суғдиён унвони “муштариёни аз ҳама рақамӣ”-ро нигоҳ дошта, на танҳо аз ҳама фаъолтар дар кишвар интернет ва хизматрасониҳои рақамиро ба кор баранд, балки инчунин аз сифати онҳо қаноатманд бошанд”, — дар ҷамъбасти вохӯрӣ изҳор дошт директори раёсати минтақавии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар вилояти Суғд Раҳматҷон Раҳматов.
Вохӯриҳои топ-менеҷерони ширкат бо муштариёни ширкат идома хоҳанд ёфт: дар навбат вилояти Хатлон.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ